Дар Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 август семинар-машварат барои раисони ташкилоти ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Ёвон ва нозирони меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон оѓоз гардид.
Дар семинар-машварати мазкур, раисони ташкилоти раисони ташкилоти ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Ёвон ва нозирони меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон тайи ду рӯз оид ба муносибатҳои иттифоқҳои касабаро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, амалӣ намудани назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва иттифоқҳои касаба бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии аъзои худ, бурдани музокироти коллективӣ ва бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ ба рафти иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил медиҳанд.

От admin