Дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагони вазорату кумитаҳо ширкат арзиданд.
Дар ҷаласа Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 иброз дошт, ки рушди устувор ва самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, маблағгузории ин соҳаи калидӣ ва ҳаётан муҳимро сол аз сол афзоиш медиҳад. Аз ҷумла, соли 2017 барои соҳа 3 млрд. 581 млн. 109 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 13,8% зиёд буд.

«Бояд тазаккур дод, ки новобаста аз буҳрони молиявие, ки дунёро фаро гирифтааст, маблағгузории соҳаи маориф соли 2018 афзоиш ёфта, ба 3 млрд. 863,1 млн. сомонӣ расонида мешавад, ки нисбат ба соли 2017 -ум 281,9 млн. сомонӣ ё 7,8 фоиз зиёд буда, 18 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,8 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад»,-гуфт Нуриддин Саид.

Вазири маориф ва илм  изҳор намуд, ки дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозанд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои илму маориф ва тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм мунтазам кӯшиш менамояд, ки ин супоришҳоро сари вақт ва бо сифати баланд ба иҷро расонад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А. Раҳмонзода доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм ва дигар муассисаҳои таълимӣ андешаҳои худро иброз намуда, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.

От admin