Устод Садриддин Айнӣ дар баробари шоирӣ ва носирӣ, ҳамзамон олими барҷаста ва аввалин Президенти Акадамияи илмҳои Тоҷикистон буданд ва дар пешрафти илми кишвари мо хизматҳои беназир анҷом додаанд. Ин  нуқта дирӯз, 13 апрел дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Садриддин Айнӣ — маорифпарвар», ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гадид,  зикр шуд.

Конфронси мазкур бахшида ба 140-солагии бундёгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ  баргузор гардид, ки дар он  намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳо иштирок доштанд.

Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зимни суханронии худ зикр намуд, ки    устод Садриддин Айнӣ ба сифати фарзанди хирадманду заковатпеша, фидокору қаҳрамон, бо талошу муборизаҳои худ дар шароити  давраи нави таърихӣ номи тоҷиконро гирди забон ва шуҳрати ҷаҳониён гардонидаанд. Дар замони барои тоҷикон тақдирсози садаи 20 устод Садриддин Айнӣ бо осори гаронбаҳояшон ватандорони аслӣ ва ҳақиқӣ будани тоҷиконро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври барҷаста собит сохтаанд.

Ҳамчунин дар конфронс дар мавзӯи инъикоси масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ дар публисистикаи устод Садриддин Айнӣ,  арзиши таълимӣ  ва тарбиятии  матни осори устод С.Айнӣ дар ҷузъи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мавқеи ҳунарҳои мардумӣ дар осори устод Айнӣ,   инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф дар «Ёддоштҳои»-и С. Айнӣ ва талошҳои маорифпарваронаи С. Айнӣ муҳокима гардиданд.

От admin