АГАР ТАЪСИРИ МАЪРИФАТИ ШАРҚ НАМЕБУД…

Новости

Агар таъсири маърифати Шарқ намебуд…

(бахшида ба Рўзи илми тоҷик)

Бо зикри чанд дастоварди олимони тоҷик  дар илми ҷаҳонӣ дар ибтидо бахшида ба Рўзи илми тоҷик  гуфтаи шоири маъруф  Ҳётеро ёднишон мешавем: «Агар таъсири маърифати Шарқ намебуд, олами Ғарб, Худо медонад боз чанд садсолаи дигар дар хоби ғафлат мемонд».

Ҳамчунин олими маъруфу сатҳи ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн, дар даврони худ изҳор дошта буд, ки «Аз кулли халқҳо ҳамон халқ доимо бузург мемонад, агар вай дар соҳаи тафаккуру дониш аз дигарон афзалият дошта бошад. Аз ин рў, миллати тоҷикро дар ин дарозои таърих илму адабаш пойдор нигоҳ дошт ва ҳам дар ҷаҳон машҳур гардонд.  Ва дар зеҳни  миллати тоҷик  маърифатдӯстӣ  аз азал вуҷуд дошт  илми тоҷик яке аз парчамбардорони илми ҷаҳони аст. Зеро  ҷаҳониён саҳми олимони машҳури тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Умари Хайём ва дигаронро, ки дар соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ саҳми беназире гузоштаанд,  хуб медонанд ва олимони мо дар тулии ҳазорсолаҳо дар назди дигар олимони ҷаҳонӣ узри нотавонӣ надоштанд. Масалан, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  ҳанӯз дар асри X гуфта буд, ки «Чи об ҷӯям аз ҷӯйи хушки юнонӣ?». Илми Юнон дар ин замон ва пеш аз он шуҳрат ёфта буд, вале бузургони мо  ба он узри нотавонӣ наоварданд.

Масалан, риёзидони намоёни тоҷик Насриддини Тӯсӣ (а. XIII) аввалин шуда таърифи илмии ададро ҳамчун нисбати ҳаргуна бузургиҳои якҷинса (ҳамченак ва беҳамченак) баён кард. Ба пайравӣ аз Насриддини Тӯсӣ баъди 320 сол риёзидони нидерландӣ С. Стевин ва пас аз 500 сол яке аз асосгузорони илми табиатшиносӣ И. Нютон ҳамин гуна таърифи ададро такрор намудаанд.

Ғиёсиддини Кошонӣ (ал-Кошӣ) (асри XV) назарияи мукаммали ададҳои касриро кор карда баромад. Шогирди ӯ Алиқушчӣ (асри XV) новобаста аз чиниҳо дар «Рисола оид ба касрҳо» ва «Китоб-ул-Муҳаммад» бори аввал касрҳои даҳиро кашф намуд ва ба назарияи ададҳои мусбату манфӣ дар Шарқи Наздик ва Миёна асос гузошт. Бесабаб нест, ки олими фаронсавӣ Э. Ф. Гауте аҳамияти ин кашфиётро дар назар дошта қайд мекунад, ки «фарҳанги Аврупо… тавассути кашфиёти мусулмонӣ ғанӣ шуд».

Яке аз комёбии бузурги олимони тоҷик ба вуҷуд омадани алгебра ҳамчун илми мустақил ҳисоб мешавад. Тафсири он бори аввал дар асари риёзидон ва нуҷумшиноси бузурги асри IX Муҳаммад ибни Мӯсо Хоразмӣ – «Китоби мухтасар дар бораи алҷабр ва алмуқобила» нишон дода шудааст. Хоразмӣ дар илми ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама аз рӯи асари «Ҳисоби ҳиндӣ» машҳур шудааст. Он дар асри XII аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума шуда буд. Ба воситаи ин асар олимони аврупоӣ ба ҳисоби ҳиндӣ – арабӣ ошно шуданд ва аз ҳамон вақт дар илми риёзии ҷаҳон рақамҳои арабӣ ворид гаштанд.

Кошонӣ 400 сол пеш ва Умари Хайём 600 сол қабл аз Нютон ҷудокунии биномро маълум намуда буданд. Аммо ҷои таассуф аст, ки то ҳанӯз ин мафҳуми риёзӣ дар адабиёти илмӣ ва методӣ бо номи Хайём ёд карда намешавад. Файласуф ва донишманди шинохтаи тоҷик Акбари Турсон қайд мекунад, ки «ин ном иштибоҳан (бо номи Нютон, – қайди мо) расм шудааст» (Эҳёи Аҷам. – Душанбе: Ирфон, 1984, – с.124).

Қуллаи баландтарини муваффақиятҳои риёзии асри XI – XII корҳои алгебравии шоир, файласуф ва риёзидони бузурги форсу тоҷик Умари Хайём ҳисоб мешавад. Ӯ дар китоби «Доир ба исботи масъалаҳои алҷабр ва алмуқобила» (1069-1071) усули умумии геометрии ҳалли муодилаҳои кубиро кор карда баромада, нуздаҳ намуди ин гуна муодилаҳоро тадқиқ кардааст. Ва бо ҳамин Хайём дар ҳалли муодилаҳои алгебравӣ ба геометрия бартарӣ дод.

Ҳисоби вақт чун кашфи филиз, хату барқ, яке аз дастовардҳои бузурги инсоният ва бахши муҳими тамаддун аст. Он тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфт ва рушд намуд. Тақвимҳо, солшумориҳо, ихтирои соат ва ғайра, натиҷаи заҳмати садҳо фарзандони хирадманди инсоният, аз ҷумла орёиаслҳо мебошанд.

Дар таърихи ҳисоби вақт, номи фарзандони халқи тоҷик- Орёбҳото, Яҳё Абӯмансури Марвӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва Насруддини Тӯсӣ дар радифи Пифагор, Аристарх, Эвдокс, Гипарх, Евклид, Птоломей, Ши Жэн, Коперник, Браге, Кеплер, Галилей, Нютон, Гюгенс, Эйнштейн ва дигарон қарор доранд.

Фаъолияти ситорашиносони маъруфи асримиёнагӣ дар бахши ихтирооти олоти расад қобили таваҷҷӯҳ аст. Алломаҳои давру замонҳо чун Алӣ ибни Исои Устурлобӣ, Холиди Марварудӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Абӯсайиди Сиҷзӣ, Абӯсаҳли Кӯҳӣ ва дигарон иштирокчиёни ихтирои даҳҳо олоту афзори мушоҳидавӣ буданд. Аз ҷумла, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо ихтирои олати «Суди Фахрӣ» ва Ибни Сино бо ихтирои афзори ба паргор шабеҳ доштаи хеш саҳеҳии ченакҳои астрономиро (дар баробари дараҷаю дақиқаҳо) то ба  сонияҳо расониданд. Ин олимон роҷеъ ба сохт ва тарзи истифодаи асбобу олоти расадӣ рисолаҳои сершуморе таълиф намуданд.

«Қонун»-и Абӯалӣ ибни Сино аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд. Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст.

Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад. Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо илми тоҷик дар сатҳи илми ҷаҳонӣ рушд кард балки, пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҳалли мушуилоти ҷаҳонӣ боиси дастгирии ҷаҳониён гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми арзандае гузошт.

Мавриди зикри хос аст, ки аз соли 2000 то 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 лоиҳаро оид ба об қабул кард. Дар байни онҳо «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби СММ ба хотири бартарафсозии муаммоҳои экологӣ дар сайёраи мо мебошад.

Институти геология, сейсмология ва хадамоти физики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус, он шабакаи сейсмикие, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ аст, на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар арсаи ҷаҳон назир надорад. Ҳатто дар ҳудудҳои кишварҳои Афғонистон, Хитой мо пурра сабаби заминҷунбӣ, чуқурии заминларза, масофа то заминларзаро ҳамагӣ дар чанд сония муқаррар карда метавонад.

Олимони тоҷик дар соҳаи астрономия  ба дастовардҳои назррас ноил гардидаанд, масалан яке аз сайёраҳои хурд ба номи  академик Пулод Бобоҷонов гузошта шудааст.  Олимони тоҷик Хурсанд  Ибодинов, Светлана Герасименко, Николай  Киселёв, Олег Доброволский, шодравонон Анатолий Бахаров ва Галина Чернова низ  дар кайҳон сайёраи худро доранд.

Соҳаи нурҳои кайҳонӣ ва зарраҳои элементарӣ ин як илми бунёдист давлатҳои Аврупо ба омӯзиши чунин энергияҳо нав машғул шуданд, ки  Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 1973 – 1974 дар ин самт натиҷаҳо гирифта буд. Соли 1994 дар натиҷаи иҷрои озмоиши  олии тадқиқоти нурҳои кайҳонӣ дар машқгоҳи  Оқ-Архар, воқеъ дар баландии 4400 метр, ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Помири Шарқӣ супероилаи зарраҳои элементарӣ кашф карда шуданд. Ин кашфиёт дар маълумотномаҳои ҷаҳонӣ ҳамчун «Супероилаи Тоҷикистон» ворид гаштааст.

Масалан ҷавонмарди донишманди тоҷик Фарҳод Шокиров 14 ҳуҷҷати патентии милливу байналмилалӣ дорад оид ба комплекси алгоритму кодҳои барномавӣ ва усули махсуси моделсозии равандҳои дохилиядроиро дар ҳаммуаллифӣ кор карда баромадааст ва ба ифшои як қатор хосиятҳои нави нанозарраҳо муяссар гаштааст.

Имрӯз натиҷаҳои илмии ӯро дар донишгоҳҳои Кембриҷ ва Эдинбурги Британияи Кабир, Тел – Авиви Исроил ва муассисаҳои таҳқиқотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ва ё соли 2016 Иттифоқи байналмилалии астрономҳо сертификати як сайёраи хурдро, ки номи «Тоҷикистон»- ро дорад, ба Академияи илмҳои Ҷум ҳурии Тоҷикистон  супурд.

Бояд қайд намуд, ки як ҷирми низоми офтобро Анҷумани ситорашиносони ҷаҳон ба номи астрономи тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова гузоштааст. Ин ҳаштумин ҷирми осмонист, ки номи донишманди Тоҷикистонро мегирад. Онро  Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ ба номи  нуҷумшиноси   тоҷик  гузошт. Албатта, ин нишони қадрдонӣ ба пажӯҳиши олимони тоҷик дар илми кайҳоншиносист.

Гулчеҳра Қоҳирова ходими илми Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, дар мавриди шиҳобҳои наздик ба замин пажӯҳиши пурарзиши илмӣ бурдааст. Иттиҳоди байналмилали астрономӣ  соли 2014 як астероидро таҳти рақами 24533  ба номи нуҷумшиноси тоҷик «Kokhirova» номгузорӣ кардааст.

Масалан, Меҳрдод Субҳонӣ олими ҷавони тоҷик вобаста ба амалӣ намудани лоиҳаи байналмилалии «Помир-Чакалтой», ки байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои физикии зарраҳои баландэнергия ва таҳқиқоти астрономӣ дар минтақаи баландкӯҳи ВМКБ, ноҳияи Мурғоб пешбинӣ шуда буд, аз омӯзиши нурҳои кайҳонӣ оғоз кардааст. Ин пажӯҳишгари ҷавони 26-сола имрӯзҳо аз нуқтаи назари физикаи квантӣ ба омӯхтани системаҳои магнитӣ ва наномавод машғул аст. Ӯ барои натиҷагириҳои таҷрибавӣ бо профессор Холмирзо Холмуродов, ки дар Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ҳастаии Дубнаи Федератсияи Русия  ба пажӯҳиш машғул аст, ҳамкории илмӣ дорад. Вобаста ба омӯзиши нанонайчаҳои оксидӣ аз нуқтаи назари ҳисоббарориҳои компютерӣ бо устоди Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токиои Ҷопон профессор Тамоёкӣ Ямамото низ ҳамкории илмӣ ба роҳ мондааст. Дар маҷаллаҳои бонуфузи дунё ҳамроҳи ин донишмандон мақолаҳои илмӣ ба нашр расондааст. Мақолаи илмии муштараки ӯ бо профессор Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Nonlinear Dynamic Properties of One-dimensional Anisotropic Heisenberg Ferromagnetic (Хосиятҳои ғайрихаттии динамикаи ферромагнетикҳои шибҳи якченакаи  Гейзенберг), ки дар Амрико ба чоп расид, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмиаш бо донишгоҳи Васедаи Токио мусоидат намуд. У ҳамчунин, бо як қатор олимони ҷопонӣ ва профессор Холмирзо Холмуродов дар соҳаи нанотехнология мақолаҳои илмии муштарак ба табъ расондааст.

Дар китоби «Computer Design for New Drugs and Materials: Molecular Dynamics of Nanoscale Phenomena» (Дизайни компютерии маводи дорувории нав: динамикаи молекулавӣ ва равандҳои наноӣ) зери таҳрири Холмуродов Холмирзо мақолаи муштарак бо номи «Molecular Dynamic Simulations of Hybrid Halide Perovskites: The Effect of Bond Rigidness and Heating on Structural Properties» дар нашриёти «Nova Science Publishers» – и ИМА нашр шуд. Дар ин мақола аз нуқтаи назари динамикаи молекулавӣ хосиятҳои маводи энергетикӣ таҳлил ва таҳқиқ шудааст.

Нависандаи забардаст, шодравон Чингиз Айтматов барҳақ Тоҷикистонро бонки ҷаҳонии захираи интеллектуали   шуморидааст.

Имрўз олимони тоҷик дар бонки ҷаҳонии захираи интеллектуали нақши муассимре доранд.

Боре президенти Академияи илмии Тоҷикистон, шодравон  Муҳаммад Осимӣ гуфта буд: «Одатан, барои равнақи чунин илмҳои дақиқ ба монанди биофизикаи  растаниҳо, асторфизика, тиб риёзӣ  ва монанди инҳо  даҳсолаҳо  заҳмат кашидан даркор аст, вале олимони тоҷик дар муддати  кўтоҳ  ба комёбиҳои арзанда  ноил  гаштанд.  Пешрафти илми тиб дар Тоҷикистон хоҳ – нохоҳ  ба хотири кас авлодони Синои бузург будани ин мардумро  меорад. Абу алӣ ибни Сино ҳамчун  ҳаким дар тамоми олам машҳур аст ва асари ҷовидона ў « Ал- қонун- фи- тиб», китоби сеюме буд, ки дар Аврупо  пас аз кашфи  дастгоҳи чопӣ  интишор  сохтаанд.

Имрўз саҳми олимони тоҷик ба илми ҷаҳонӣ кам нест. Номи таърихшноси маъруфи  тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуровро олимони бисьёр кишварҳои олам ба забон мегиранд. Бесабаб нест, ки симпозиуми  онвақтаи  байналхалқии илмӣ  доир ба омўхтани таърих ва маданияти давраи кўшониён бо ташаббуси  ЮНЕСКО маҳз дар шаҳри Душанбе, дар ватани авлодони кўшониёни қадим барпо гардид, ки саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар ин самт беназир буд.

Академик Бобоҷон  Ғафуров  дар китоби худ «Тоҷикон» навиштааст: «Тамоми осори маънавӣ ва мадание, ки дар тўлиҳазорҳо сол башарият бо таҷрибаи таърихӣ ҷамъиятӣ бардоштааст, асари фаъолияти моддӣ, илмӣ  ва бадеии инсоният, дониши тоза  ва ақоиди пешқадами он, афгори гуногуни он, яъне томоми  мероси  ирфонии вай  ба маънои васеъи  умумиинсонии ин мафҳум василаи бузурги тағъири кулли  ҷамъияти имрўза  хоҳад буд».

Пешвои муаззами миллат дар ҳама суханрониҳои худ ба рушди илм таъкид мекунад ва ин беҳуда нест. Бе илм наметавон кишварро аз буҳронҳои гуногун наҷот бахшид ва маҳз бо тамаддун ва илми пешрафтааш, бо нобиғаҳояш машҳур буд. Акнун бояд он шараф ба мамлакат ва ягона кишваре бо номи Тоҷикистон баргардад.

 

                                                Иттифоқи касабаи кормандони маориф

                                                ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон