Дар меҳвари сиёсати илмиву маорифпарваронаи Пешвои миллат  рушди илм дар ҷойи аввал қарор дорад, зеро асосу пойдории ҳар як миллату давлат ба илми он вобастагӣ дорад.

Аз ин рў, Комиссияи олии аттестатсионӣ бо ибтикори  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ниҳоди мустақил, ки бевосита масъулияти назорату тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ – омӯзгории тахассуси олиро ба уҳда дорад, таъсис ёфт, ки рӯйдоди  муҳими таърихии дорои аҳамияти  сиёсӣ, байналмилалӣ ва илмию амалӣ мебошад.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки: «Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имконият медиҳад, ки  мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати  омода кардани  рисолаҳои илмӣ ба забони  давлатӣ  ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, ҳамзамон  бо ин эҳтиёҷоти  кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад. Ин иқдом метавонад барои таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат мусоидат намояд».

Комиссияи олии аттестатсионӣ дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд ва   минбаъд олимони мо дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳқиқотҳои назаррас анҷом дода, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар  дар дохили кишвар эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Аммо, вақтҳои охир дар расонаҳои хабарӣ  як гурўҳи каҷназарон ин рӯйдоди  муҳими таърихии дорои аҳамияти  сиёсӣ, байналмилалӣ ва илмию амалӣ доштаро нодида, гирифта, ба хотири «манфиатҳои шахсӣ» ва нотавонбинии илмии хеш атрофи ин ниҳоди муътабари илмӣ суханпартоӣ намуда истодаанд.

Муҳтавои мақолаҳои нашргардида аз тарафи каҷназарон атрофи Комиссияи олии аттестатсионӣ нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ  нисбат ба рушди илми ватанӣ, омода намудани мутахассисони баланд ихтисос, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони лаёқатманд дар ҷодаи илм, на танҳо меҳр ва садоқати миллӣ  надоранд, балки таърихи ташаккули илми тоҷик огоҳие низ надоранд.

Файласуфи бузург Арасту гуфтааст: «Агар таърихи  дуҳазорсолаи  худро надонед, барои имрўзу оянда пояи мустаҳкам гузошта наметавонед» Бояд қайд намуд, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ заминаи таърихӣ ҳам дорад, масалан мавҷуд будани академия ва китобхонаи маъруфи «Дижи нибишт» (қаср, кохи навиштаҳо, китобҳо),  академияи маъруфи «Гунди Шопур» дар замони Сосониён. Маҳз, дар ҳамин даваи таърихӣ  як гурўҳ олимони юнонӣ барои кори доимӣ ба донишгоҳи Гунди Шопур омаданд. Ҷамъ шудани олимони юнонӣ ва ҳинду ба инкишофи илм таъсири зиёд расонид. Дар Академияи Гунди Шопур на танҳо илмҳои адабиёт, ҳуқуқ, фанҳои сиёсӣ, иқтисодиёт, таърих, математика, астрономия, мантик, тиб, дорусозӣ, илоҳиёт, гиёҳшиносӣ, мусиқӣ, ҳайвоншиносӣ ва ѓайра таълим дода мешуданд, балки бузургтарин дастовардҳои илмӣ мавриди таҳқиқ ва пажўҳиши олимони ҳамон давра қарор дода мешуд.

Рушди илм дар замони Сомониён ва таъсиси марказҳои илмӣ дар ин давра  ба майдони эҷоду фаъолият қадам ниходани силсилаи олимону адибони ҷахоншумул чунМухаммад ал-Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯали ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ заминаҳои асосии таърих барои ташкили як ниҳоди илмӣ-Комиссияи олии аттестатсионӣ дар даврони истиқлолияти миллӣ мебошад.

Аз ин рў, аз инъикоси фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ  дар матбуоти ватанӣ бармеояд, дар як муддати хеле кўтоҳ Комиссияи олии аттестатсионӣ аз ҷониби дигар Комиссияи олии аттестатсионии кишварҳои хориҷ эътироф гардидааст, ки  далели расман эътироф гардидани ин ниҳоди  мазкур, ворид гардидани илми ватанӣ  ба низоми ягонаи илми ҷаҳонӣ мебошад.

Комиссияи олии аттестатсионӣ  ҳамчун дастоварди беназир дар пешбурди фаъолияти муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, умуман олимону донишмандони соҳаи илми ҷумҳурӣ  заминаи воқеиро барои омода намудани мутахассисони илмӣ фароҳам  овардааст.

Дар самти омода намудани мутахассисони илмӣ дар самтҳои  технологияи химиявии моддаҳои ғайри органикӣ, технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ  геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат, масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳи навин, мошинсозӣ, мошинҳои технологӣ ва таҷҳизотҳо, математика, амсиласозии математикӣ ва компютерӣ, сохтмон,  меъморӣ, низом ва шабакаҳои муҳандисӣ , истеҳсоли мавод, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ ва дигар самтҳои гуногуни ихтисосҳо шароити мусоидро барои ҳимои рисолаҳои илмӣ фароҳам овардааст.

Аз тарафи дигар, татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки илми ватанӣ ва дар ин самт тайёр намудани кадрҳои илмӣ,  таҳкиму такмили рукнҳои давлатдорӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои болаёқат,  ҳифзи нерӯ ва моликияти зеҳнӣ аз ҳадафҳои асосии Комиссияи олии аттестатсионӣ мебошад.

Аз тарафи дигар, тибқи банди сеюми моддаи 40-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст» ва Комиссияи олии аттестатсионӣ  моликияти зеҳнии миллиро ҳифз менамояд.

Раҷабалӣ Сангов-сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дуруст қайд намудаанд, ки: « Муҳимтар аз ҳама, ҳамасола садҳо рисолаҳои илмии дар дараҷаҳои номзадиву докторӣ таҳияшуда, ки дар аксари онҳо идеяҳои наву созанда, навгониву кашфиёт, ихтироот ва муҳимтар аз ҳама дастовардҳои илмӣ – неру ва моликияти зеҳнию инноватсионии муҳаққиқони кишварамон ифшо шудаанд. Вале ҳамасола беҳтарин андешаву идеяҳои миллии илми тоҷик танҳо ба хотири дарёфти ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи дараҷаи илмӣ (диплом), ҳатто бо дархосту хоҳиш ва оварагиву сарсониҳои зиёд ба таври ройгон ва бе ҳимоя аз даст меравад. Ҳол он ки омили асосии рушди кишварҳои мутараққӣ ташаккули илм – идеяҳои созандаву бунёдгароёна ва татбиқи амалии он аст».

Аз тарафи дигар, дар даврони истиқлолияти комили миллӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ махсусан ба рушди илмҳои гуманитарӣ заминаҳои мусоиди илмиро фароҳам овардааст. Муҳаққиқони ҷавонро мебояд, ғояҳои истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона мавриди таҳқиқ қарор диҳанд.

Махсусан, олимони ҷавон, ки зодаи даврони истиқлолият мебошанд, бо ташвиқи ҷаҳонбинии миллӣ ва арзишҳои солими дунявӣ ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият корҳои бунёдиро дар самти илми ватанӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар ин росто, олимони шинохта ва муътабари моро зарур аст, ки ба олимони ҷавон дасти ёрӣ дароз намоянд ва барои ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинии илмии ҷавони лаёқатманд ёрии амалӣ расонанд.

Махсусан, илми гуманитариро дар даврони истиқлолияти миллӣ, бояд ба равандҳои ҷомеа аз диди нави таърихӣ баҳо диҳанд ва дурнамои рушди минбаъдаро муайян созанд, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср ва умуман таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд ва воқеъбинона таҳлилу арзёбии илмӣ қарор нагирифтааст ва навиштани таърих, инчунин таҳқиқи таърихи адабиёт бо диди нав аз нигоҳи илмӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст.

Муҳаққиқони ҷавонро лозим аст, ки аз нигоҳи илмӣ ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ диҳанд, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа ба таври асоснокии илмӣ талқин намоянд, барои тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, аз нигоҳи илмӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дар самти рушди илми ватанӣ ва омаданамоии мутахассисони илмӣ дар дохили кишвар ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, таъсиси Комиссияи олии аттестатсиониро рӯйдоди  муҳими таърихии дорои аҳамияти  сиёсӣ, байналмилалӣ ва илмию амалидошта, эътироф менамояд.

 

                                        Иттифоқи касабаи кормандони маориф

                                                   ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

От admin