Абдуқодир Муҳиддинов аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсии Тоҷикистони шӯравии солҳои 30-уми асри ХХ буд. Ӯ аввалин роҳбари озодандеши Тоҷикистон дар замони низоми шӯравӣ буд. Ӯ аввалин роҳбари ҳизбӣ буд, ки барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии халқи тоҷик махсусан барои пахтакорон садо баланд кард: «Мо пахтакориро чун соҳаи асоси иқтисоди ҷумҳурият эътироф мекунем, аммо барои пахтакор шароитеро, ки ба он сазовор аст ба вуҷуд наовардаем. Масалан, Иттифоқ истеҳсоли фулузот ва ангиштро соҳаи асосӣ мешуморад ва барои коргарони ин соҳа нисбат ба дигарон шароити аз лиҳози иқтисодӣ беҳтари фароҳам сохт ва месозад, аммо дар ҳаққи пахтакорон ин корро накардем. Дар замони шоҳӣ нисбат ба давраи советӣ барои тараққии пахтакорӣ ҳавасмандии бештаре буд.Акнун халқро гурусна нигоҳ медоранд ва пулҳоро барои инқилоби ҷаҳонӣ харҷ мекунанд». (АП ФТ ИМЛ, ф 3 т.1 115, в.22 ва 44)

Абдуқодир Муҳиддинов зидди номгузории

Душанбе ба Сталинобод буд

 

Дар саҳифаҳои расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи хиёнатҳои Абдулло Раҳимбоев бисёр менависанд. Пораеро аз суханони Абдулло Раҳимоев нисбати фарзанди фарзонаи миллат Абдуқодир Муҳиддинов иқтибос меорем: «Ба ҳамаи Шумо шахси Муҳиддинов-ҷадиди собиқадори бухороӣ ва собиқ Нозири таъминоти Тоҷикистон маълум аст. Гирем масъалаи дигар кардани номи собиқ Душанберо ба Сталинобод. Муҳиддинов дар сӯҳбат ба ҳамфикрони худ ба иваз кардани номи Душанбе ба Сталинобод фикри мухолиф гуфтааст ва далел овардааст, ки рафиқ Сталин барои Шарқ номафҳум аст.Ин чӣ маъно дорад? Ин ақидаи Муҳиддинов, чунин маънӣ дорад, ки рафиқ Сталин-байрақи коммунизм, сарвари партия, доҳии пролетариати ҷаҳон барои Шарқ қобили қабул нест» (АП ФТ ИМЛ, ф 3 т.1 115, в.22 ва 55)

От admin