ОИД БА МЕҲНАТИ АРЗАНДА

Ҳамасола рўзи 7 октябрро Рўзи амали иттифоқҳои касаба оид ба меҳнати арзанда таҷлил менамоянд.
Дар доираи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи амали иттифоқҳои касаба оид ба меҳнати арзанда дар толори Шўрои олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудавар дар мавзўи «Рўзи амали иттифоқҳои касаба оид ба меҳнати арзанда» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки донишҷўёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуѓзода ва Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Дар мизи мудаввар Қурбонов Муҳаммад -мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кам кардани бекори дар байни ҷавонон ва таъмини онҳо ба ҷойи кори бехатар ва таъмини онҳо ба музди меҳнати баланд маърӯза намуда, иброз намуд, ки ҳамасола бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнати кормандони соҳаи маориф баланд бардошта мешавад. Инчунин барои кормандони соҳа шароити хуби меҳнат муҳаё карда шудааст.
Баргузории Рўзи амали меҳнати арзанда дар ҷаласаи сеюми Шурои генералии Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба (МКП) соли 2007 ба вуҷуд омад. Ҳамон сол қарор қабул карда шуд, ки дар он давлатҳое, ки иттифоқҳои касабаи он аъзои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба мебошанд, ҳамасола 7 октябр рўзи амали меҳнати арзанда ҷашн гирифта шавад.
Ин чорабини асосан барои кам кардани бекорӣ дар байни кормандони синну соли гуногун, алалхусус ҷавонон гузаронида мешавад. Мақсади асосии рузи байналмилалии амал – ин баргузории чорабинии глобалии иттифоқҳои касаба дар асоси консепсияи

Барномаи «Ҳадафҳои ҳазорсола» мебошад.
Мақсади асосии барнома таъмини ҷойи кори мусоид ва бехатар, музди меҳнати арзанда ва одилона барои кормандон, ҳифзи иҷтимоии кормандон ва кафолати риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон , ба
роҳ мондани гуфтушуниди коллективӣ бо корфармоён дар асоси демократия баробарҳуқуқӣ ва риояи шаъну эътибори кормандон мебошад. Ташкилоти Байналмилалии меҳнат мафҳуми «меҳнати арзанда»- ро ҳамчун меҳнати пурмаҳсул дар шароити озод, адолати иҷтимоӣ, бехатарии меҳнат ва риояи шаъну эътибори корманд шарҳ медиҳад.

Ҳамчунин дар доираи ин барнома беҳтар ба роҳ мондани ҳамкории мақомотҳои давлатӣ, намояндагони корфармоён ва иттифоқҳои касаба дар назар дошта шудааст.
Асоси «Меҳнати арзанда» ин шароити мусоиди меҳнат, ҳалли масъалаҳои бекори дар байни аҳолӣ пеш аз ҳама ҷавонон ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандон мебошад.

От admin