Ба муносибати 95-солагии таъсиси

                                                         Иттифоқи касабаи Тоҷикистон

Тамоми корҳои ташкилии иттифоқҳои касаба, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва дигар самтҳои фаъолияти иттифоқҳои касаба дар давраи мухторияти ҷумҳурӣ аз тарафи Бюрои иҷроияи кумитаи ҳизбии вилоятии КМП (б) Ўзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон назорат карда мешуд.

Ба ҳамин мақсад, Бюрои иҷроияи кумитаи ҳизбии вилоятии КМП (б) Ўзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон дар маҷлиси худ аз 31 майи соли 1928 масъалаи аз нав бастани шартномаи коллективиро  барои солҳои 1927-1928 муҳокима карда, дар шартномаи колективи банди махсус ҷойгир намудаанд, ки банди мазкур ба ҷалби кормандони миллатҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикон ба истеҳсолот ва дастгоҳҳои ҳизбию иттифоқҳои касаба равона гардида буданд .

Масъалаи дигаре, ки болотар зикр намудем, ин нуфўфи бештар доштани иттифоқи «Қушчӣ» («Иттифоқи Ҷуфтгарон») дар вилояту ноҳия ва деҳоти Тоҷикистон буд. Чӣ дар фаъолияти иттифоқҳои касаба, иттифоқҳои чуфтгарону камбағалон, ки дар алоқамандии якдигар бо иттифоқҳои касаба фаъолият менамуданд, камбудиҳо дар корҳои ташкилӣ, таъсисдиҳӣ, азхуднамоии маблағҳои аъзоён дида мешуд.

 Масалан, дар ахбори Кумитаи Иҷроияи Шўроҳои вилояти Ҳисор навишта шудааст, ки: «Дар арафи азнавташкилкунӣ дар вилояти Ҳисор иттифоқи «Қушчӣ» дар ҳақиқат вуҷуд надорад.Танҳо раиси ин иттифоқ ҳаст, ки ҳеҷкас намедонад ўро кӣ таъин кардааст.. вай аъзои янона мебошад»

Ин ҳолат дар фаъолияти тамоми иттифоқҳои мазкур, чӣ дар минтакаҳои Кўлоб, Вахш, Бадахшон низ ҷой дошт. Масалан, Кумитаи ҳизбии округи Панҷакент дар ҳисоботи худ аз 1 октябри соли 1927 навишта аст, ки: «Иттифоқи Ҷуфтгарон» 1760 нафар аъзо дорад, ки ба онҳо ба ғайр аз ҷамъ кардани аъзоҳаққӣ дигар ҳеҷ кор бурда бурда намешавад, аъзоҳаққии ҷамъкардашуда ҳам аксари вақт мувофиқи таъинот сарф карда намешавад, ба ташкилот бисёр унсурҳои бегона сар даровардаанд».

Масъалаи мазкур, ҳам барои иттифоқҳои касаба ва ҳам барои иттифоқҳои ба он монанд, хеле ташвишовар буд. Барои ҳамин, доир ба масъалаи мазкур Бюрои ташкилии ҲК (б) Ўзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон 16 июни соли 1927 «Дар бораи аз нав ташкил кардан, тоза ва пурқувват кардани иттифоқи ҷуфтгарон» қарори дахлдор қабул намуд. Зеро то замони таъсиси ҶШС Тоҷикистон, шумораи ин гуна иттифоқ аз иттифоқҳои касаба зиёдтар буд.

 Чунончӣ , соли 1929 дар арафи таъсиси ҶМШС Тоҷикистон, иттифоқи «Қушчӣ» 81000 аъзо дошт, ки баъдан ба «Иттифоқи камбағалон» таъсис дода шуд, ки фаъолияти онҳо, то охири соли 1929 дар ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ба расмият дароварда шуд.

Масъалаи дигари хеле муҳим дар он солҳо, ки дар назди иттифоқҳои касаба қарор дошт, ин мубориза ба маҳви бесаводии оммаи мардум буд.Дар ин маврид, барои иттифоқҳои касаба зарурият пеш омад, ки мактабҳои маҳви бесаводиро махсусан таъсисдода, ба ҳамин васила на танҳо оммаи меҳнаткашонро хату савод омўзад, балки дар чунин мактабҳо мақсаду вазифаҳои иттифоқҳои касабаро ба оммаи мардум фаҳмонад.

Барои расидан ба ин ҳадаф, соли 1927 дар шаҳри Душанбе чор мактаби маҳви бесаводии иттифоқҳои касаба кушода шуд, ки 150 нафар аъзои иттифоқи касаба дар он таҳсил менамуданд, соли 1927 дар ин мактабҳо 370 нафар таҳсил мекарданд.

Ба мақсади ҳарчӣ ҷалб намудани оммаи заҳматкаш ба иттифоқҳои касаба, дар сохтори Шўрои иттифоқҳои касаба, шуъбаи маданият таъсис дода шуд. Вазифаи шуъбаи мазкур, маҳви бесаводӣ дар байни аъзоён, таъсиси клкбҳои варзишӣ, роҳандозии маҳфилҳои гуногун буд. Бо ташаббуси шуъбаи мазкур, дар шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Ҷиликул (Дўстии ҳозира) ду майдони варзишӣ, маҳфилҳои тирандозӣ таъсис дода шуд.

Шояд саволе, ба миён ояд, ки чаро роҳандозии маҳфилҳои тирандозӣ ба зиммаи иттифоқҳои касаба гузошта шуда буд? Ин ҳадаф аз тарафи иттифоқҳои касаба пеш аз ҳама ҷанбаи сиёсӣ-ҳарбӣ дошт ва Ҷалби бештари сокинони маҳаллӣ ба Артиши Сурх ва ҳимояи марзу бум аз гурўҳҳои аксулинқилобӣ буд.

Дигар, масъалаи муҳиме, ки ба ҳуввияти миллӣ ва худшиносии халқи тоҷик, иттифоқҳои касаба асос гузошт, ин таъсиси мактабҳо барои омўзишӣ забони тоҷикӣ буд. Ҷойи пўшида ҳам нест, ки ҳарчанд ҶШС Тоҷикистон таъсис гардида буд, аммо вазъи забони тоҷикӣ дар он солҳо хеле ногувор буд. Дар дастгоҳҳои ҳизбӣ, ташкилоту муассисаҳои амалкунандаи он давр, махсусан дар иттифоқҳои касаба, бештар ақаллиятҳои миллӣ кору фаъолият менамуданд. Барои ҳамин, аз байни иттифоқҳои соҳавӣ, аввалин шуда, Иттифоқи касабаи кормандони савдо 2 мактаби омўзиши забони тоҷикиро таъсис дод, ки дар он 115 аъзои иттифоқи касаба таҳсил менамуданд.

Дигар масъалае, Иттифоқи касабаи Тоҷикистон то баргузории Анҷумани навбатӣ (1928) дар ҳамкорӣ бо Комиссариати халқии меҳнат барои ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоён як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Чунончӣ, соли 1927 Иттифоқҳои касаба дар ҳамкори бо Нозироти ҳифзи меҳнат 188 муассисаи давлатӣ, 23 кооператив, 44 корхонаҳои ҳунармандиро мавриди санҷиш қарор дода, манфиатҳои кормандонро ҳифз намуданд.

Баъди баргузории Анҷумани якуми иттифоқҳои касаба, моҳи майи соли 1928, Анҷумани дуюми иттифоқҳои касаба баргузор гардид, ки дар он намояндагони 17 иттифоқҳои соҳавӣ, ки 7566 нафар аъзоро муттаҳид менамуданд, вакилон интихоб карда шуд. Анҷумани мазкур, пеш аз ҳама ба вусъати бахшидани корҳои ташкилӣ, таъсиси ташкилотҳои иттифоқи касаба, тозакунии шахсони «унсурҳои бегона» дар сафҳои иттифоқҳои касаба асос гузошт.

Бо ҳамин мақсад, қарору тавсияҳои Анҷумани дуюми Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба фаъолияти минбаъда таъсири мусбӣ расонид, Масалан, аз рўи маълумотҳои оморӣ, то 1 январи соли 1929 шумораи аъзоёни иттифоқи касаба ба 13 ҳазор нафар то 1 январи соли 1930 бошад ба 25 ҳазор расид, ки расид, ки танҳо 46 фоизро намояндагони миллатҳои маҳалли 12 фоизро занон ташкил медод.

Масъалаи аъзошавӣ ба сафҳои ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, махсусан аз ҳисоби занҳо дар он солҳо ташвишовар боқӣ монда буд.Зеро таъсири рўҳониён, фаҳмишҳои кофӣ надоштани оммаи мардум ба ин ташкилоти оммавӣ зиёдтар буд. Масъалаи таъсис, ташкил намудан ва аъзошавӣ ба ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар воддии Рашт (вилоятҳои Ҳоиту Ғарм) на танҳо, ташвишовар, балки хеле мураккаб буд. Зеро аҳолии минтақаи Рашти онрўза бештар ба корҳои мавсимӣ ба водди Фарғона сафарбар мешуданд.

Новобаста аз ҷой доштани чунин ҳолат, Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон нисбат ба ҳимои манфиатҳои коргарони мавсимӣ бетараф набуд.

Бо мақсади ба роҳ мондани алоқаи зич байни иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва коргарони мавсими аз округи Ғарм, Анҷумани якуми ҲК (б) Тоҷикистон, Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки дар назди Бюрои Осиёимиёнагии ВЦСПС, масъала гузорад, ки хизматрасонии коргарони мавсимии Ғармро ҳангоми иҷрои корҳои мавсимӣ дар қаламрави Ўзбекистон, Иттифоқҳои касабаи Ўзбекистон ба зимма гирад.  Ҷиҳати инъикоси масъалаҳои иттифоқи касаба дар матбуоти даврии молҳои 30-уми асри ХХ мр ба саҳифаҳои рўзномаи “Тоҷикистони сурх” дар солҳои 1930-1932 муроҷиат намудем, зеро нисбат ба солҳои минбаъда, матбуоти даврӣ ба масълаи иттифоқи касаба ва муаррифии он дар ҷомеа як қатор маводҳои муҳимро нашр кардааст. Масалан, дар шумораи №14 (278) аз 17 январи соли 1931, рўзномаи “Тоҷикистони сурх” қарори бюрои КМ ҲК (б) дар Осиёи Миёна “Дар бораи равиши корҳои омўзишӣ дар Осиёи Миёна”  нашр кардааст. Дар қарори мазкур, ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Осиё Миёна аз ҷумла, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки ташкилотҳои иттифоқи касаба дар якҷоя бо хоҷагиҳо (колхозҳо) равиши омўзишро дар мактабҳои деҳот зери назорат гиранд ва мустақилона ба кори мактабҳо кўмак расонанд.

Барҷастагии матбуоти солҳои 30-уми асри ХХ нисбат ба фаъолияти иттифоқҳои касаба дар онаст, ки тамоми қарору санадҳои иттифоқҳои касаба аз ҷумла Иттифоқҳои касабаи Осиёимиёнагӣ тарҷума ва нашр мегардад. Аз тарафи дигар, эродҳои ҷиддии кумитаҳои соҳавӣ нисбат ба фаъолияти иттифоқи касаба дар саҳифаи рўзнома нашр мегардид.

Масалан, дар шумораи №51 (1056) аз 4 марти соли 1932 музоуираҳо раисони кумитаҳои соҳавӣ атрофи маърўзаи раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон нашр гардидааст. Дар ҳамин шумораи рўзнома Ғайбуллоев-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ҷумҳурӣ, масъалаи таъсис наёфтани кумитаҳои маҳаллиро (ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба) дар муассисаҳои соҳаи маориф ба миён гузоштааст.

Дигар навгоние, ки дар иттифоқҳои касабаи соҳавии ҷумҳурӣ охири солҳои 30-ум ба миён омад, ин нашрияи муштараки Комиссариат халкии маорифи РСС Точикистон ва КМ иттифоки касабаи коркунони маориф, мактабхои оли ва муассисахои илмии ҷумҳурӣ мебошад. Зеро нашрияи «Барои маорифи коммунист», ки органи Комиссариати халқии маориф буд ва аз санаи 7 ноябри 1938  бо номи «Газетаи муаллимон» (органи Комиссариат халкии маориф ва КМ иттифоки касабаи коркунони маориф, мактабхои олӣ ва муассисахои илмӣ) номида шуд.

Дар матбуоти ҳамон давра ( рўзномаи “Тоҷикистони сурх”) на танҳо ҳисоботҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, балки ҳисоботҳои Бюрои Осиёмиёнагии Шўрои марказии иттифоқҳои касаба мунтаззам нашр мегардид. Масалан, 17 январи соли 1932 Ҳисоботи пурраи Бюрои Осиёмиёнагии Шўрои марказии иттифоқҳои касаба нашр гардидааст.

Дар мавриди ин пешравиҳо дар фаъолияти иттифоқҳои касаба, дар солҳои 30-уми асри ХХ боз як вазъи ногувор дар сиёсати кадрӣ ба миён омада буд. Масалан, дар як муддати кўтоҳ, яъне дар чор сол (1933-1937) панҷ раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон иваз карда шуд, аз ҷумла: Абдулло Юсупов (1932 -1933), Ёқуб Қосимов (1933), Умар Бектемиров (1934), Насриддин Хоҷаев (1934), В. В. Киреев ( 1935 -1936), Убайдулло Ташрипов (1936 – 1937).

Сабаби пай дарҳам иваз гардидани роҳбарони иттифоқҳои касаба бевосита ба “тозакунӣ аз сафҳои иттифоқи касаба” вобаста мебошад. Дар он солҳо, на танҳо дар сохтори иттифоқҳои касаба, балки дар тамоми сохторҳои ҳизбӣ, корхонаю ташкилотҳо ба таври оммавӣ ин раванд сурат мегирифт. Дар ҳамин солҳо бо ҷурми “душманони миллат” беҳтарин кадрҳо ҳабсу қатл мешуданд. Зеро, дар  матбуоти ҳамон давра, кифоя буд, як эрод нисбати фаъолияти як роҳбар ба нашр расад. Абдулло Юсупов-раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар соли 1933 аз ҷумлаи ҳамин қурбони сиёсии давр гардида буд. Мо оид ба фаъолияти онҳо дар бахши алоҳидаи ин китоб маълумот хоҳем дод.

Дар асоси қарори якҷояи Кумитаи иҷроияи марказии ИҶШС, Шўрои Комиссарони халқи ИҶШС ва Шўрои умумииттифоқии итифоқҳои касаба (ВЦСПС) аз 23 июни соли 1933 “Оид ба муттаҳид сохтани Комиссариати халқии меҳнати ИҶШС ба Шўрои умумииттифоқии итифоқҳои касаба (ВЦСПС) амвол ва салоҳияти Комиссариати халқии меҳнати умумииттифоқӣ, ки бо қарори Анҷумани дуюми умумироссиягии иттифоқҳои касаба, инчунин мақомоти маҳаллии он ба ихтиёри Шўрои умумииттифоқии иттифоқҳои касаба вогузор шуд, ки Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (“Тоҷиксовпрофсоюз”) низ имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла истифодаи буҷети суғуртаи давлатии иҷтимоиро соҳиб гардид, иттифоқҳои касаба аз соли 1933 то соли 2006, яъне то давраи таъсиси Хазинаи суғуртаи иҷтимоии Тоҷикистон (имрўза Агентии суғурта) аз имтиёзи зикргардида бархўрдор буд. Баъди таъсиси Шўрои иттифоқҳои касаба (соли 1926) дар соли 1933 баъди истифодаи буҷети суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, нуфўзи иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистон зиёд гардид.

Гардиши куллие, ки дар фаъолияти иттифоқҳои касаба дар солҳои сиюми асри ХХ ба миён омад, ин ташкили озмунҳо дар байни кормандони соҳаи маориф аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф буд.Дар соли 1933 Шўрои иттифоқҳои касаба дар якҷоягӣ бо Комиссариати маорифи ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи маориф озмун эълон намуд. Дар ҷамъбасти озмун мувофиқи қарори коллегияи Комиссариати маорифи халқ ва раёсати иттифоқи касабаи кормандони маориф ба ғолибон 50000 сўм, 10 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 20 комплекти хонаҳои коргарӣ, 20 комплекти китобхонаҳои мактабӣ, 20 адад либос, 20 роҳхат барои санаторияҳо дода шуд. 

Масъалаи дигаре, ки иттифоқҳои касаба дар солҳои 30-уми асри ХХ дар ҷомеа фаъолона ширкат менамуд, ин ташкили курсҳои кўтоҳмуддат дар хоҷагии халқ, махсусан колхозҳо буд. Дар ин самт иттифоқҳои касаба курсҳои кўтоҳмуддати ҳисобчиҳоро барои корхозҳо омода менамуд. Масалан, охири соли 1930 Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар қатори ташкилотҳои ҳизбӣ ва созмони комсомол дар Қаротоғ курси кутоҳмуддати тайёр кардани раисони колхозҳо ва тобистони соли 1931 курси ду-се моҳаи тайёр намудани ҳисобчиёни колхозҳо кушод.

Баъд гузашти чор сол таъсиси иттифоқҳои касаба ва мустақилият гардидани Тоҷикистон аз мухторияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Съезди якуми муассисони ҲК Тоҷикистон (б), ки аз 6 то 15 июни соли 1930 баргузор шуд. Съезд баъди баррасии ҳисоботи КМ ПК(б) Точикистон, дар бораи иттифоқҳои касаба қарори дахлдор қабул намуд, ки вазифаҳои иттифоқҳои касабаро барои солҳои 30-уми асри ХХ ҷиҳати саҳм гузоштан дар ҷомеаи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин иттифоқҳои касабаро вазифадор намуд, ки дар интихоботи дар пешистодаи Шўроҳо, корҳои тарғиботиро дар байни оммаи заҳмакашон васеъ ба роҳ монад. Дар чойхонаҳои сурх, клуб, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати мустаҳкам намудани ғояҳои шўравӣ вохўриҳои заҳматкашонро барпо намояд.

Аз оғози солҳои 30-уми асри ХХ иттифоқҳои касаба дар баробари дигар соҳаи ҷомеа, ба соҳаи маориф ва илм диққати махсус зоҳир намуд. Дар бораи омода намудани намудани касбҳои коргарӣ дар тавассути курсҳои кўтоҳмуддат, ба саводнокии ҷомеа тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуд.

Бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои съезди XVI ВКП(б) «Дар бораи маълумоти ҳатмии ибтидоӣ, беҳтар кардани сифати таълиму тарбия ва таълими политехникӣ», зеро новобаста аз набудани шарити моддӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз тарафи дигар душманони сохти онвақтаи шўравӣ, монеаи таҳсили мардум дар курсҳои маҳви бесаводӣ мегардиданд. Кормандону аъзоёни иттифоқи касаба баои ҷалби фарзандони омма, ҳимояи омўзгорон дар минтақаҳои кўҳистон, ки ноамн буда зери хатари душманони сохти шўравӣ қарор доштанд, тадбирандешӣ низ менамуд. Чунончӣ, соли хониши 1932-1933 дар 2319 мактаб зиёда аз 125 ҳазор хонандагон таҳсил доштанд, ки барои онҳо 3795-нафар муаллим дарс мегуфтанд. 

Масалан, соли 1937 дар курсҳои маҳви бесаводӣ 204,2 ҳазор нафар таҳсил мекард, ки 46,6 фоизи онҳоро занон ташкил медоданд.  Курсхои маҳви бесаводиро 798,2 хазор нафар, аз ҷумла 732,2 ҳазор нафар дар деҳот хатм карданд, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Вазорати маорифи халқи ҷумҳурӣ дар кори маҳви бееаводии ахолӣ нақши калон бозиданд.

23 июни 1933 бо қарори КИМ КХШ ва Шўрои марказии умумииттифоқии иттифоқҳои касаба ВЦСПС «Дар бораи муттаҳид намудани Комиссариати халқии меҳнат бо ВЦСПС»  ба тасвиб расид, ки сохторҳои Комиссариати халқии меҳнат дохил карда шуд, ки иттифоқҳои касаба дар тамоми ҷумҳуриҳои шўравӣ аз ҷумла Тоҷикистон вазифаҳои вазорати меҳнатро пурра иҷро менамуд.  Таъсисёбии нозироти ҳифзи меҳнат дар асоси қарори мазкур, пурра ба зиммаи иттифоқҳои касаба гузашт.

Ҳамчунин дар соли 1933 нозироти давлатии махсусгардонидашудаи санитарӣ ва назорати техникии корҳои кўҳӣ ҳам пурра ба сохтори иттифоқҳои касаба гузаронида шуд.

От admin