Дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳ, раисони ташкилотҳои соҳа бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд.
Дар оғози ҳамоиш Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бинобар ин ҳар яки мо бояд ба қадри ин неъмат яъне ваҳдату якдилӣ, оромию осоиштагӣ бирасему баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон якдилона саҳм гузорем.
Зикр гардид, ки дар даврони истиқлоли миллӣ Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд равона намуда истодааст.
Дар ҳамоиш Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ва Сангинов Комрон, сарнозири ҳуқуқи шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ дар мавзўи «Нақши Иттифоқҳои касаба дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» маърўза намуданд.
Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.
Таъкид гардид, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки рисолати муқаддаси худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ва тақвияти иқтидори давлати соҳибихтиёрамон содиқона иҷро карда, ҳамаи кӯшишу талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ тарбия кардани фарзандон сафарбар намоем.

От admin