Ҳамкорони муҳтарам!
Имрӯз санаи бароямон бағоят муҳиму фархунда, рӯзи таъсисёбии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ба ин хотир қабл аз оғози муҳокимаронии масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа матраҳгашта мехостам шумо ҳозирин ва дар шахси шумо тамоми аъзои ташкилоти иттифоқи касабаи Тоҷикистонро бо ин иди касбӣ табрик намоям.
15 апрели соли 1926 Анҷумани 1 иттифоқҳои касабаи РАСС Тоҷикистон баргузор гардид ва бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касаба – шӯрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таи солҳои фаъолият ташкилоти иттифоқи касаба дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ баҳри пойдории давлати ҳуқуқбунёд ва амалисозии қонунҳо ҷиҳати ҳимояи ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии созандагони Ватан ҷаду талош менамояд ва аз рўзҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иттифоқҳои касаба барои ташкили давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ баҳри ҳимояи шаҳрвандон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуи ҳам истода, дар ташкили сохтори давлатӣ саҳмгузор аст.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ соли 1991 фаъолияти ҳамаи иттиҳодияҳои соҳавии иттифоқҳои касаба, ки маркази ягонаи онро – Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (Тоҷиксовпроф) роҳбари дошт дар тамоми давлатҳои пасошўравӣ ҳуқуқҳои пештараашон аз даст рафт ва дар ҳама давлатҳо иттифоқҳои касаба вобаста ба сохти давлатдорӣ аз нав ба фаъолият шуруъ намуд.
Намояндагони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон низ соли 1991 анҷумани XIV Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро даъват намуда, Декларатсия оид ба ташкили Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон яъне давомдиҳандаи фаъолияти Тоҷиксовпрофро қабул намуданд. Ин анҷуман дар фаъолияти Иттифоқҳои касаба, ки дар вазъияти хеле мураккаби ҷамъиятӣ – сиёсӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ гузашт нақши калон бозид. Вакилони анҷуман дар бораи ташкили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва Оинномаву барномаи амали фаъолияти ояндаи Иттифоқҳои касаба қарорҳои даркорӣ қабул намуданд.
Аз соли 1991 то соли 1996 дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад, ки ин ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба низ таъсири худро расонид, ташкилот дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бояд мавқеи хосаи худро доро мешуд, бинобар ин соли 1996 анҷумани XVI иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон даъват карда шуд ва вакилон лозим донистанд, ки вобаста ба вазъи ҷомеа қарорҳои дахлдор қабул намоянд.
Имрӯз ба таърихи рушди давлатдориамон назар меандозему бешубҳа дар он мавқеи Иттифоқҳои касаба низ намоён аст, зеро ки дар қабули ҳамаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ
намояндагони иттифоқҳои касаба барои ҳимояи шаъну шараф ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон саҳмгузор аст.
Ҳоло Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузви он дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён кўшиш менамоянд, ки дар амалӣ гаштани сиёсати давлат оид ба масъалаҳои ҳавасмандии иқтисодӣ ва инфраструктураҳои иҷтимоӣ, ки ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва кафолатҳои шаҳрвандӣ аз ҷумла: ҳуқуқ ба таъмини бехатарии меҳнат, маълумот, ҳифзи сиҳатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, дараҷаи муносиби зиндагиро таъмин менамоянд, иштироки фаъолона дошта бошанд.
Иттифоқҳои касаба ба мақомоти идораи давлатӣ ва корфармоён ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоӣ дар мамлакат ва коллективҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, самаранокии истеҳсолот, ҳамаҷониба кўмак мерасонад. Федератсияи иттифоқҳои касаба баҳри ягонагӣ ва ҳамраъйии кулли иттифоқҳои касаба баромад намуда, барои интегратсияи минбаъдаи Федератсияи иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои хамузви он дар ҳаракати байналмилалии иттифоқҳои касаба тадбир меандешад.
Дар доираи шарикии иҷтимоӣ 5 марти соли равон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 Созишномаи генералӣ ба имзо расонида шуд, ки барои таъмин намудани мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатӣ ҳамкории сетарафа мусоидат намуда, яке аз шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ мебошад. Созишномаи генералӣ масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба миён гузошта, ҳалли онҳо тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кўшиши Тарафҳои шарикии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ин санад принсипҳои асосии муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиатҳои беш аз 2,5 миллион шаҳрвандони мо, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, мустақиман дахл дорад. Созишномаи навбатӣ даҳумин созишномаи генералӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мутобиқ ба Низомномаи
тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи муколамаи иҷтимоии шарикони сетарафа таҳия гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриашон бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 баён доштанд, ки “Бо итминон метавон гуфт, ки роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Ватани азизи мо – Тоҷикистон содиқона хизмат хоҳанд кард”.
Дар мулоқот Ҷаноби Олӣ бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳа суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳадафи вохӯрӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории Ҳукумати кишвар бо ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ ва иштироки ин ниҳод дар тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду пешрафти кишвар аст.
Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ дар ин чорабинии бағоят муҳим Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба корҳои муайянеро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар ин давра аз ҷониби ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар самти рушди муносибатҳои меҳнатӣ, таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, пурзўр намудани обрў ва нуфузи иттифоқҳои касаба фаъолияти муфид ва самаранок иҷро карда шудааст.
Ҳоло мо дар остонаи санаи бағоят муҳими сиёсӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва маҳз туфайли дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо дар сар то сари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон амалҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, садҳо иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Сӣ сол дар назди
таърих он қадар вақти мадид нест, вале туфайли сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ин ҳангом дар мамлакат пешравиҳои чашмгир ва назаррас амалӣ гашта истодаанд ва мо аъзои иттифоқи касаба дар амалӣ гаштани ин иқдомҳо саҳми босазо гузорем.
Дар оихир шумо ҳозирини гиромиро бори дигар бо иди касбиатон табрик гуфта, бароятон  саломатии  бардавом,  саодати  зиндагӣ ва дар  амалӣ  гаштани  ниятҳои некатон   пирўзиву  комёбиҳоро  таманно менамоям.
Сарбаланду сарфароз бошед!

От admin