Санаи 13 июни соли ҷорӣ дар дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон ва Трине Петерсон вохўрӣ анҷом дода шуд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро муайян ва барои фаъолияти муштарак таклифҳо пешниҳод намуданд. Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм шинос гардида ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо доир ба ҳамкориҳои ояндаи Иттифоқи касабаи маориф ва илм дар роҳандозии лоиҳаҳои Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф изҳори умедворӣ карданд.







