Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандаги, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият барои мо нишони барчастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихи, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба чаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Кумиттаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати бузургтарин дастоварди миллат – 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандӣ, хонаободӣ, садоқат ба Миллату Давлат ва Пешвои миллат ва дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз комёбиҳо таманно менамояд.

Кумитаи иттифоқи касабаи маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Р.С.

От admin