14 октябр бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» бо иштироки раисон, фаъолон, собиқадорони ташкилотҳои соҳа, намояндагони Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳуриҳои Арманистону Озорбойҷон бахшида ба Рӯзи Иттифоқи касаба ҳамоиши идона баргузор гардид.
Чорабинии идонаро Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сипас Файзизода Исмоил Нарзӣ- муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Дилбар Раҳим Одилзода муовини Раиси шаҳри Душанбе, Мукашева Айгуль Максатовна-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф, илм, маълумоти олии Қазоқистон кормандону аъзоёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмро ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Рўзи иттифоқҳои касаба, ки имсол ба 100- солагии таъсисёбии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон рост омадааст табрик намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити муосир раванди танзими муносибатҳои меҳнативу иҷтимоӣ яке аз воситаҳои таъмин намудани суботи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамкории муштараку мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро ифода мекунад.
Вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони иттифоқҳои касаба, ки 24-уми октябри соли 2019 бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор гардид, нишонаи возеҳи таваҷҷуҳ ва қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба мебошад.
Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқҳои касаба ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ ва ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд.
Таҷлили Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба фаъолияти минбаъдаи ин ниҳоди ҷамъиятӣ такони нав бахшида, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба рушду тараққиёти боз ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъмини суботи иҷтимоӣ ва ҳуқуқу кафолатҳои меҳнативу иҷтимоии кормандон мусоидат хоҳанд кард.
Дар ҳамоиши идона ғолибони озмунҳои «Беҳтарин нозири Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин кабинети раиси Иттифоқи касаба» бо мукофотҳои хотиравӣ, фаълону собиқадорон бо мукофотҳои соҳавӣ, раисони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷону Арманистон барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои судманд дар доираи Ёддошти тафоҳум, ҳаракати байналмилалии иттифоқҳои касаба бо нишони «Фаъоли Иттифоқи касаба»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиши идона ҳунармандон барномаи фарҳангиро манзури меҳмонон, кормандону фаъолон ва собиқадорони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм намуданд.











