Дар доираи баргузории чорабиниҳо ба муносибати 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи иттифоқҳои касаба, ки имсол ба таъсиси 100- солагии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон рост омадааст, намояндагони Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми кишарҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Арманистон ба шароити Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» шинос гардида, барои ҳамкории минбаъда дар доираи Ёддошти тафоҳум бо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маъмурияти осоишгоҳ мулоқот намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани чашмаҳои оби гарми маъданӣ, иқлими кӯҳии шифобахш ва табиати нотакрораш яке аз марказҳои муҳими сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Осоишгоҳҳои кишвар имрӯзҳо бо инфрасохтори муосир ва таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз шуда, сайёҳони хориҷиро фаъолона қабул мекунанд
Зикр гардид, ки дар муқоиса бо осоишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо нархи табобат ва иқомат дар Тоҷикистон хеле арзонтар буда, осоишгоҳҳои Тоҷикистон дар оғуши табиати беолоиш ҷойгир буда,меҳмоннавозии шарқӣ ва хӯрокҳои лазизи миллӣ, меваҳои шаҳдбор ва муносибати самимии кормандон писанди хориҷиён мебошад.

От admin