8 октябр дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Нозакзода З.З.-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзоёни раёсат, сардорони воҳидҳои сохтории Иттифоқи касабаи маориф ва илм ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар маҷлиси раёсат нахуст ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2026 шунида шуд.
Дар идомаи маҷлис оид ба ҷамъбасти истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026 – Хўҷаев И., сармутахассиси раёсати молия, банақшагирӣ ва хоҷагидорӣ, оид ба вазъи назорати ҷамъиятии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, №178 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳ ва зимистони солҳои 2026-2027» дар ташкилотҳои соҳа, оид ба вазъи назорати ҷамъиятии риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбии аъзои иттифоқи касаба дар раёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода ва ноҳияҳои Муъминобод, Ҳамадонӣ, Фархор- Қурбонов М., муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, иҷрои бандҳои созишнома ва шартномаи коллективӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон- Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ, оид ба вазъи назорати ҷамъиятии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, № 197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон» аз тарафи ташкилотҳои соҳа-Сангинов К., сарнозири ҳуқуқи меҳнати шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳукуқ, оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон- Ёрзода Ф., раиси Иттифоқи касабаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузориш доданд.
Дар фароварди маҷлис, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғибу ташвиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар байни кормандон, колеективҳои меҳнатӣ, қарорҳои пленум, раёсат, нақшаи чорабиниҳо, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузории Рӯзи иттифоқҳои касаба-24 октябр, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябр, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-16 ноябр, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-24 ноябр ба аъзоёни раёсат, раисони ташкилотҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.




















