13 октябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар мавзӯи «Таъсири зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ ва навовариҳои технологӣ ба меҳнати шоиста ва рушди устувор дар соҳаи маориф» семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур, намояндагони Ташкилоти байналмилалии Меҳнат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф ва шуғли аҳолӣ: паёмадҳои глобалӣ ва таҳдидҳо, таъсири тағйиротҳои технологӣ ба бозори меҳнат ва соҳаи маориф, муколамаи иҷтимоӣ ва омўзиш барои омодагии кормандони соҳаи маориф барои донишҳои рақамӣ: таҳдидҳо ва роҳҳои ҳалли он, баҳодиҳии таҳдидҳо ва имкониятҳо барои кормандон, шштироки иттифоқҳои касаба дар ҳимояи кормандон, имконияти омўзиш ва бозомўзӣ, Таъсири зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ ва навовариҳои технологӣ ба меҳнати шоиста ва рушди устувор дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки ҳамкорӣ бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат аҳаммияти махсус дошта, таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияҳои ин ташкилот метавонанд ба такмили муносибатҳо дар самти таъмини меҳнати шоиста, рушди шарикии иҷтимоӣ ва мутобиқ намудани муносибатҳои меҳнатӣ ба шароити нави технологӣ мусоидат намоянд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои семинар ба таҳкими ҳамкориҳо байни Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз ҷумла Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат саҳм гузошта, барои андешидани қадамҳои минбаъдаи амалӣ ба манфиати кормандони соҳаи маориф ва илм, саҳмгузорӣ дар рушди муколамаи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандони соҳа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ замина мегузорад.

От admin