КОВАИ ОҲАНГАР- АСОСГУЗОРИ ИТТИҲОД ВА ҲАМРАЪЙИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Новости

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштаанд.

Ин маънӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо Авасто ба таври зайл омадааст: «Мо сулҳу саломатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бишканад… Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем».

Бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки кору пайкор ва талошҳои озодихоҳии родмардони Ватан, афкори пурқиммати абармардони илму адаб ва фарҳангу маънавиёти мо ҳанӯз садсолаҳо қабл аз ин ҳамраъйӣ доштани банӣ одамро эълон дошта, ғояҳои инсонпарвариро ситоиш мекарданд.

Панду андарзҳои онон ба мисли нури ситораҳои дуродуранд, ки дар масири асрҳо пардаи зулматро бурида, роҳи наслҳои ояндаро мунаввар месозанд ва инсонҳоро ба иттиҳоду ягонагӣ даъват менамоянд.

Аз тарафи дигар, таҷрибаи давлатдорӣ ва давлатсозиамон шаҳодат медиҳад, ки мо метавонем инкишофи мутаносиби ҷомеаро дар такя ба фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллӣ таъмин созем, ки ин боиси ифтихору сарфарозист, зеро ҳамин ҳувият чун сарвати бебаҳо ва дороии адонопазири миллати сарбаланди тоҷик метавонад заминаи асосии ҳамаи созандагиҳо ва рушду такомули халқу давлати мо бошад.

Дар асоси ҳамин таҷриба, моро зарур аст, ки ҳамраъйӣ ва ё иттиҳоди мардуми тоҷикро, ки дар атрофи як шахсият барои озодии Ватан дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ сарҷамъ гардидаанду барои озодии Ватан ҷониссориҳо кардаанд, ба насли ояндасозии хеш ошно намоем.

Аз ин рў, ҳадафи мо дар чанд сатр ба таври мушаххас ошноӣ намудани хонанда ба талошҳои Коваи Оҳангар ба зидди Заҳҳок, корнамоиҳо хидмати фидокоронаи Рустами Дастон баҳри Ватан, ҷониссориҳои Шерак баҳри ҳимояи марзи муқаддас, муборизаи оштинопазирии Смитамен ба зидди истилогарони юнонӣ, талошҳои хонадони Сомониён барои истиқлолияти халқи тоҷик, ҳаракатҳои озидихоҳонаи Муқаннаъ ва Темурмалик, муборизаи тоҷикон ба зиддии ѓуломсозии муѓулон аз тарафи МаҳмудиТоробӣ, ҳаракати сарбадорон ба зидди хонҳои муѓул, ҷумбиши халқӣ босарварии Восеъ  ва осори пурѓановати шоирон аз Одамшўаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ то миллатсозии устод Садриддин Айнӣ дар масири таърих барои иттиҳод ва ҳамрайъӣ сухан хоҳем гуфт, ки мақсаду мароми ин родмардони Ватан дар масири таърих танҳо ба танҳо ба истиқлолиятхоҳӣ, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии гузаштагони пуршарафи мо ва раҳҳоии онҳо аз зулму истибдоди истилогарони аҷнабӣ равона гардида буданд ва дар шаклгирии ҳамраъйии мардуми тоҷик хизмати шоистае намудаанд. Аз тарафи дигар ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ҳамраъйии ин родмардони Ватан дар тўли ҳазорсолаи таърих сиришти азалии мардуми кўҳанбунёди моро бозгўӣ менамоянд ва шоирону мутафаккирони гузаштаи мо дар офариниши симои онҳо ва тарѓиби ҳамраъйии мардум баҳри расидан ба пирўзӣ нақши босазое гузоштаанд.

Ва родмардони Ватани мо барои наслҳои ояндаи худ роҳи фарохи ҳамраъйӣ ва иттиҳодро бунёд намуда, дар он тамоми имкониятро ҷиҳати иттиҳоду пирўзӣ гаштан бо душман ва озодандешу истилолиятхоҳ гардидани наслҳои ояндаи хеш фароҳам оварданд.

Нахуст, дар ин чанд сатр, мо масъалаи ҳамраъйӣ ва ё иттиҳоди халқи тоҷикро атрофи Коваи Оҳангар ба зидди Заҳҳок,  пешорўи  корбари сомона ва саҳифаи фейсбукии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузорем. Яъне, ҳадафи аслии мо бозгўи аз шаклгирии иттиҳоди мардум, ҳамраъйӣ ва талошҳои онҳо барои озодии Ватан ва дар ҳамин замина, ошно намудани насли ояндасози миллат ба таърихи иттиҳод ва ё ҳамраъйии халқи тоҷик дар марҳиллаҳои гуногуни таърихӣ мебошад, ки имрўз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол иттиҳоду ҳаракатҳо дар замони осоишта дар фазои истиқлолияти комили миллӣ баҳри тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аъзоёни худ, баҳри амалисозии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ва самарабахш фаъолият намуда истодаанд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун як иттифоқ ва ҳомиии қишри бонуфузтарини ҷомеа тасмим гирифтааст, ки аъзоёни хешро бо таърихи шаклгирии иттиҳод ва  ё ҳамраъйии халқи тоҷик барои озодии Ватан ошно намояд. Ва ҳар узви иттифоқи касаба новобаста аз соҳа ва шакли фаъолият то тавонанд, аз таърихи пайвастшавии гузаштагони шарафманди хеш дар шакли иттиҳод атрофи озодмардони таърихӣ огоҳии бештаре дошта бошанд. Аз кору пайкор, озодмардию озодандешии онҳо илҳом гирифта, хештаншиносу истиқлолиятхоҳ гарданд, дар пешрафти Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносибтаре гузоранд.

Чунончӣ, Пешвои муаззам қайд намудаанд: «ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад.

Фарзандони фарзонаи миллат инро амиқ дарк менамуданд ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки шӯълаи худшиносии миллиро дар дили ҳаммиллатони худ бедор кунанд. Ба ёд орем сухани миллатсози устод Айниро дар оғози асри XX, ки барқасди ҳама бадхоҳони миллати тоҷик баланд садо дод ва то ба имрӯз барҳақ хизмати бузург дар назди миллати хеш мебошад.

Ба ёд орем китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро, ки дар миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта пайдо шуда, дар раванди худшиносии мардуми мо, алалхусус дар байни зиёиён як такони ҷиддӣ ба вуҷуд овард.  Ба ёд орем филмҳои таърихии «Қисмати шоир», «Коваи Оҳангар», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш»-ро, ки дар бисёр кишварҳо паҳн гашта, рӯҳи абадзиндаи Рӯдакию Фирдавсии ватандӯстро зинда гардонданд ва ба оламиён аз гузаштаи пуршарафи миллати тоҷик, аз фидокориҳои аҷдоди сарбаланди мо ёдрас намуданд.»

Шояд, хонандаи ҳушманд ба андеша равад, ки чаро маҳз,  на Ҷамшед балки Коваи Оҳангарро мо асосгузори ҳаракати мардумӣ,иттиҳод ва ҳамраъйии халқи тоҷик барои озодии Ватан қарор додем.

Дар ин маврид, муҳаққиқи барҷастаи таърихи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров қайд мекунад, ки: «Муборизаи тўлонӣ, вале бебарори авлоди Ҷамшед бо Заҳҳок, танҳо ҳамон вақт бо ѓалаба анҷом мегирад, ки кори халосиро аз зулму бедодгариҳои шоҳи одамхўр худи халқ, босарварии Коваи Оҳангар, ба даст мегирад  Ҳамчунин, ба қавли муҳаққиқ Зимина Л.А.: «Симои Коваи Оҳангар миёни оммаи васеи халқ чун пайкараи нотакрор падид омада, таҷассумгари таҷрибаи дуруст фаҳмидаи муборизаи пайкори халқ бо қатор-қатори стилогароне чун Заҳҳок буд, ки маҳз ҷунбиши оммаи васеи халқ такондиҳандаи ҳамон таоддулоте буд, ки дар натиҷаи он ҳукумати ѓоратгаронаи одамони Заҳҳок барҳам хўрд».

Аз муҳтавои достони «Ковав а Заҳҳок» бармеояд, дар гузашта падари Заҳҳок-Мардос подшоҳ додгустару покдин буд, аммо  фарзандаш-Заҳҳок сабуксору нопок буд:

Яке мард буд андар он рӯзгор

    Зи дашти саворони найзагузор,

        Гаронмоя ҳам шоҳу ҳам некмард,

      Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард,

      Ки Мардос номи гаронмоя буд,

          Ба доду деҳиш бартарин поя буд…

       Писар буд мар-он покдинро яке,

         К-аш аз меҳр баҳра набуд андаке.

Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд,

   Далеру сабуксору нопок буд…

      Мебинем, Заҳоки нопок фирифта ва дилбохтаи гуфторҳои Иблис мегардад:

 

  Чунон буд, к-иблис рӯзе пагоҳ

                                         Биёмад ба сони яке некхоҳ.

        Дили меҳтар аз роҳи некӣ бибурд,

  Ҷавон гӯш рафтори ӯро супурд.

    Ҳамоно хуш омад-ш гуфтори ӯй,

     Набуд огаҳ аз зишт кирдори уй…

   Чу иблис донист, к-ӯ дил бидод,

    Бар афсонааш гашт наҳмор шод.

   Фаровон сухан гуфт зебову нағз,

   Ҷавонро зи дониш тиҳӣ буд мағз.

        Бад-ӯ гуфт: «Ман чора созам туро,

     Ба хуршед сар бар фарозам туро.

  Ту дар кор хомӯш мебошу бас,

Набояд маро ёрӣ аз ҳеч кас».

         Мар он подшоро дар андар сарой

 Яке бӯстон буд бас дилкушой.

Гаронмоя шабгир бархостӣ,

 Зи баҳри парастиш биёростӣ.

         Бар он рои вожуна деви нажанд,

           Яке жарф чоҳе ба раҳ-бар биканд.

         Пас иблиси вожуна ин жарф чоҳ,

     Ба хошок пӯшиду биспард роҳ.

    Шаб омад, сӯи боғ бинҳод рӯй,

     Сари тозиён меҳтари номҷӯй.

         Чу омад ба наздики он жарф чоҳ,

          Якояк нагун шуд сари бахти шоҳ…

Фурӯмоя Заҳҳоки бедодгар,

           Бад-ин чора бигрифт ҷоҳи падар.

Ҳамин, бедодгариҳои Заҳҳокро авлоди Ҷамшед бартараф карда натавонист,   маҳз иттиҳоди мардум зери парчами Коваи Оҳангар ба миён омад, ва то замони Коваи Оҳангар авлоди Ҷамшед, бахусус Обтин- падари Фаридун ба зидди Заҳҳок муборизаи тўлонӣ бурданд, аммо дар пирўзӣ муваффақ нагардидаанд.  Осории хаттии боқимонда, ривоятҳои мардумӣ ,махсусан «Шохнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ баёнгари он аст, ки то замони Коваи Оҳангар, авлоди Ҷамшед барои озодии Ватан ба зидди Заҳҳок мубориза бурданд, аммо ҳамраъйӣ ва иттиҳоди мардум  ба авлоди Ҷамшед, ба вижа Обтин-падариФаридун, он гунае, ки Коваи Оҳангар атрофи худ мардумро муттаҳид карда буд,мавҷуд набуд.

       Аз ривоятҳои асотирӣ, таърихӣ бармеояд, ки авлоди Ҷамшед, яъне Обтин ба зидди Заҳҳок ҳарчанд мубориза бурда бошанд, аммоЗаҳҳок ба авлоди Ҷамшед, оид ба тасвибрасонии созишнома ва ё дастури риояи «адлу дод» мувофиқа накард. Танҳо ҷасорат ва родмардии Коваи Оҳангар Заҳҳокро маҷбур сохт, ки бо намояндаи халқ, яъне Коваи Оҳангар гуфтушунид ва созише бандад.

Аммо, дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мебинем, ки Коваи Оҳангар танҳо наҷотро дар иттиҳод ва  ё қиёми мардум ба зидди Заҳҳок донист, ба созишу «дастури адлу дод»-и Заҳҳок бовар надошт:

                         Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

                         Бар- ў анҷуман гашта бозоргоҳ.

                         Ҳаме бархўрушиду фарёд хонд,

                         Чаҳонро саросар сўи дод хонд.

                          Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

                          Бипўшанд, ҳангоми захмӣ дирой.

                          Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

                          Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард…

       Ҳамин ривояти овардаи Ҳаким Фирдавсӣ далели онаст, ки Коваи Оҳангар на танҳо асосгузори иттиҳоди мардумӣ, балки асосгузори парчам ва нишони иттиҳоди мардум бар зидди зулму ситам аст, яъне, аввалин иттиҳоди халқи тоҷик зери парчами Коваи Оҳангар  ба ҳам омад.

Кова пешбанди чармини оҳангарии худро ба найза баста, бармеошӯбид ва он дирафши қиёми мардум зидди ишғолгарон гардид. Ба ҳангоме ки Кова ба назди Фаридун меравад ва шоҳ пӯстини ба найза барбастаро мебинад, бо гавҳари дурахшон ва дебои (матои нафиси) Рум онро меорояд:

                            Биёрост онро бо дебои Рум,

                            Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

       Ба ақидаи адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон: «Мардум баъди фармонравоии бераҳмонаи Заҳҳоки аҷнабӣ зери роҳбарии Коваи оҳангар ба по хестанд ва маҳз пешдомани чармини Коваи қаҳрамон нахустин парчами озодихоҳон будааст. Ҳамин аст, ки ин парчамро «Дирафши ковиёнӣ» ном ниҳода буданд.

Баъди таназзули Заҳҳок Коваи оҳангар Фаридунро аз сулолаи Пешдодиён ба тахт нишонд. Фаридун парчами Коваро бо ситораи дорои чор шуои тиллоӣ, сангҳои қиматбаҳо ва рангҳои сурху зарду бунафш оро дод ва онро «Ахтари Кова» номгузорӣ кард. Инак, каломи Фирдавсӣ:

                             Фурў ҳишта з-ў сурху зарду бунафш,

                            Ҳаме хондаш «Коваёнӣ дурафш».

       Ва ҳар подшоҳе, ки меомад, дар он гавҳару ороише илова мекард:

                             Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

                              Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ,

                              Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,

                              Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

                              Зи дебои пурмояву парниён,

                              Бар он гуна гашт ахтари ковиён.»

       Ҳамин пешдомани Кова дар минбаъда дирафши коваёнӣ ном гирифт ва он ҳамеша рамзи шаъну шарафи миллияти тоҷикону эронитаборон буд ва парчамбардор будани радони сарбаланди корзорҳо мояи пойдории давлат ва ифтихори онҳо  дар ҳамраъйӣ ба зидди зулму ситами ба сарон омода гардид.

Бояд қайд кардан бо маврид аст, ки Коваи Оҳангар асосгузори парчами миллист, зеро парчам яке аз рукнҳои муқаддасоти миллист ва он қудрат дорад барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату ҳамраъйӣ ва якпорчагии Тоҷикистон нақши муассир гузорад. Аз ин рў, муаррихон таърихи пайдоиши  суннати парчамдории миллии тоҷиконро ба даврони Коваи оҳангар рабт медиҳанд.

Таърихи парчамбардории Коваи оҳангар нисбат ба парчами Даннеброг, ки дар санадҳои илмӣ ҳамчун қадимтарин парчам (15 июни соли 1219) зикр шуда аст, куҳантар буда, рисолати парчамдории тоҷикон сартосари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро фаро гирифтааст ва ба хонанда сабақи бузургӣ ва манзалати дирафшу ливои аҷдодиро меомӯзонад. Ҳамин, тавр, Дирафши ковиён аввалин парчами маъруфи аҷдоди тоҷикон эътироф шуда, ҳамчун рамзи ваҳдату истиқлолхоҳӣ, тантанаи адолат, суннати давлатдорӣ ва ягонагии мардумони мо қабул гардидааст.

Пешвои муаззами мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Чун сухан аз таърихи  иттиҳод ва ҳамраъйӣ ва парчамдории халқи тоҷик оғоз гардад, дар хотираи мардуми  шарифи тоҷик  симои Коваи Оҳангар пеши назар меояд. Симои Коваи Оҳангар намунаи  барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи ин қаҳрамони миллии халқи тоҷик ёдовар мегардад. Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза сарукор дошт, ба зулму шиканҷа ва бедодӣ тоб наоварда, пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд:

                             Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

                             Ки: «Эй номдорони яздонпараст».

                            Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

                             Ҳамехондаш «Ковиёни дирафш».

        Дар асарҳои таърихӣ ва ҳикояву қиссаҳои ҷовидонаи ниёгони мо нақлҳое аз ҷонсупории Коваи Оҳангар барои ҳифозати мардуми заҳматкаш ҳикоят мекунанд, ки ин амр ба муқаддасоти таърихии парчам дар назди ниёгони шарафманди мо ишорат намуда, бозгўӣ он аст, ки эҳтиром ва муқаддас доштани парчам ва зери он иттиҳод гардидан дар замони имрўз ҳам навъе идомаи суннатҳои поки ниёгон маҳсуб меёбад. Ин матлабро Пешвои миллат низ равшан маънидод кардаанд, ки: «Вақте ки мо имрўз – дар оғози асри бисту як ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд».

Баъзе муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки вожаи «Ковиён» ба маънои диравши Кова (Коваи оҳангар) ва дигарон ба маънои Каёнӣ  (сулолаи Ковиён – Каёниён) маънидод кардаанд, ки маънои Кай, Каён, Ковиён, яъне баҳодур, қаҳрамон ва дар забони  суғдӣ вожаи «кави» ба маъноҳои ҳоким, роҳбар ва шоҳ (дар тангаҳои Бухоро) омадааст. Аммо, Дирафши Ковиёнӣ ба гуфтаи Фирдавсӣ, ки дар Шоҳнома қайд гардидааст, ҳангоми шӯриши мардум бо сардории оҳангар Коваи Оҳангар бар зидди Заҳҳок ба вуҷуд омадааст. Кова шӯришгаронро ба назди Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, овард ва ӯ ин дирафшро бо чор ситораи тиллоӣ, сангҳои қиматбаҳо, матои ранги сурх, зард ва бунафш ороиш дод ва «Дирафши Ковиёнӣ» ном  гузошт.

Ба қавли академик Бобоҷон Ѓафуров: «Халқи тоҷик дар ҷангу ҷидолҳои зидди истилогарони аҷнабӣ бисёр рўзҳои сахтро аз сар гузаронида буд. Дар ин ҷангҳо тоҷикон далерии беҳамто нишон медоданд. Аз замонҳои хеле қадим, аз ҳамон вақтҳое, ки тоҷикон бар васфи баҳодури қаҳрамон- Коваи Оҳангар, бар васфи ҳамон Ковае, ки халқро бар зидди подшоҳи аҷнабӣ – Заҳҳоки истилогар бархезонида буд, достон мегуфтанд, сар карда, тоҷикон анъанаҳои ба муқобили ҳар зулму ситам муборизаи фидокорона бурданро дар худ нигоҳ доштаанд.»

Чунончӣ, болотар қайд кардем, агар ҳадафи мо дар ин чанд сатр бозгўи Коваи Оҳангар- асосгузори иттиҳод ва ё ҳамраъйии мардум ба зидди зулму ситам бошад, аммо  дар заминаи ҳамин бозгўӣ атрофи симои Коваи Оҳангар,  мо аз таъсисии нахустин иттифоқҳои касаба дар масири таърих низ бозгўӣ хоҳем кард. Яъне, Коваи Оҳангар, аввалан тавонист, оҳангаронро дар шакли як иттиҳод гирди ҳам оварад, баъдан мардуми дорои касбу пешаҳои ҳамон давр, кишоварзону косибон ва дигар намояндагони касбу пешаҳоро дар атрофи худ ҷамъ овард ва намоиши эътирозии оммаи халқро  дар назди қасри Заҳҳок ба миён овард. Яъне иттиҳоди оҳангарон ҳамраъйии ҷомеаи ҳамон вақтаи замони  Коваи Оҳангарро бо ҳам овард, чунончӣ:

                         ЧуКова бурун омад аз пеши шоҳ,

                         Бар- ў анҷуман гашта бозоргоҳ.

                         Ҳаме  бархўрушиду фарёд хонд,

                         Ҷаҳонро саросар сўи дод хонд.

       Нахўстин эътирози оммавиро ба зидди Заҳҳок низ Коваи Оҳангар ташкил кард ва Заҳҳок низ аз эътирозгарон нахўст Коваи Оҳангарро ба гуфтушунд ва созиш даъват намуду пазируфт.Чаро, на барзгарон ва ё дигар намояндагони касбу пешаҳои ҳамон давра ба зидди Заҳҳок эътироз накардаанд, маҳз Коваи Оҳангар пешвои мардум гашт. Агар, аз як тараф марги фарзандон, ки туъмаи морони Заҳҳок гардида буд, Коваи Оҳангарро ба пешвоии мардум гардидан сабаб гардида бошад, аммо аз тарафи дигар касби оҳангарӣ дар он замон дар байни дигар касбу пешаҳо нуфўзе дошт, мардум новобаста аз касбу пешаҳои худ ба оҳангарон эҳтиёҷоти зиёде доштанд. Маҳбубияти мардум, ба Кова ҳамчун оҳангар бомаротиб зиёда буд.

Чунончӣ, Коваи Оҳангар зимни муроҷиат ба Заҳҳок мегўяд:

                                Яке безиён марди оҳангарам,

                                 Зи шоҳ оташ ояд ҳаме барсарам,

                                Ту шоҳиву гар аждаҳо пайкарӣ,

                                 Бубояд бад-ин достон доварӣ.

                                 Агар ҳафт кишвар ба шоҳӣ турост,

                                Чаро ранҷу сахтӣ ҳам абаҳри мост?!

       Дар баробари аз даст додани ҳабдаҳ ҷигарбандаш Коваи Оҳангарро низ марги фарзандони ҷомеа, зулми истибдоди Заҳҳок ба ѓазаб овард ва бо як ҳуввияти миллӣ ба Заҳҳок мегўяд:

                                  Зи ту бар манн омад ситам бештар,

                                 Занӣ бар дилам ҳар замон нештар.

                                 Маро рўзгоре чунин куж кард,

                                 Диле беумеду саре пур зи дард.

                                  Ҷавонӣ намондасту фарзанд нест,

                                  Ба гетӣ чу фарзанд пайванд нест.

                                  Ситамро миёну карона бувад,

                                  Ҳам эйдун ситамро баҳона бувад…

        Алами Коваи Оҳангар, нолаҳои ҷонгудозаш нисбати фарзандонаш дар тўли ҳазорсола дар ривояту қиссаҳо дар ашъори шоирон инъикос гардидааст, Чунончӣ, Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

                        Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд,

                        Миёни хонаи бекӯдакам гаҳвора мегиряд.

                        Зи базми гарми шоҳон хандаи мастона меояд,

                        Ба чашми ман вале ҳар хишти бурҷу бора мегиряд.

                        Замин – бечора, медонам, фалак бечоратар аз ӯ,

                        Ду бечора ба аҳволи мани бечора мегиряд.

                        Замину осмон танҳо, ба гардун ахтарон танҳо,

                         Хаёлам, бо мани танҳо ҳама сайёра мегиряд.

        Мебинем, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» мисли аксарияти адибони пешқадам ду хусусият, ду тамоил: тамоили халқӣ ва тамоили ашрофонаро ба қалам додааст.

Тамоили халқӣ бо ғояҳои инсондўстӣ ва озодфикрии шоир вобаста буда, он ҳангоми таърифи хирад, хирадмандӣ, инсондўстӣ, халқпарварӣ бештар ифода меёбад.Ҷиҳати асосӣ дар «Шоҳнома» майли халқии он мебошад. Ин дар муносибати шоир ба намояндагони халқи меҳнаткаш, аз ҷумла Коваи оҳангар, ки бар зидди шоҳи золим Заҳҳоки Морон шўриш бардошта, ғолиб меояд, аз муҳаббати ў ба Маздак ва амсоли инҳо маълум мегардад.

Муҳимияти дигари шиносоии насли имрўз ба Коваи Оҳангар дар онаст, ки имрўз дар даврони истиқлолияти миллӣ дар қатори ҷашнҳои Наврўзу Сада, мо ҷашни Меҳргонро бо шукўҳу шаҳомати хосе ҷашн мегирем, аммо насли ояндасози мо бояд донанд, ки мувофиқи гуфтаи Абурайҳон Берунӣ иди Мехргон дар натиҷаи аз тарафи Фаридуну Коваи Оҳангар кушта шудани Заҳҳок ба ин муносибат дар кўҳи Дамованд базм ороста тоҷи шоҳаншоҳиро ба сари Фаридун гузоштан ба вуҷуд омадааст.

Дигар ин ки, ба ақидаи бархе аз шоҳномашиносон , аз ҷумла Зафари Мирзоён: « Фирдавсии бузург ҳамаро ба як рамз гуфтааст. Вақте дар “Шоҳнома” сухан дар бораи Заҳоки Морон меравад гуфта мешавад, ки ду море аз китфи Заҳок мебарояд ва барои хӯрдани мағзи сари ӯ кӯшиш меунад, иблис ҳозир шуда мегӯяд, ки метавонед барои он, ки морҳо мағзи сари шоҳро нахӯранд ваъда диҳед, ки ба онҳо мағзи сари ду ҷавонро медиҳед. Ин гуфтаҳо хеле маънои бузург доранд, ки мағзи сари ҷавонро хурдан, андешаи онҳоро бурдан аз шинохти ҳувияти миллии хеш мебошад, ки бо як рамзи олӣ гуфта шудааст»

Дар тақвияти фикри Зафари Мирзоён метавон, гуфт, ки маҳз Коваи Оҳангар . мағзи сари ҷавононро аз хурдан, андешаи онҳоро бурдан аз шинохти ҳувияти миллӣ наҷот додааст.

Аз ин рў, достони «Кова ва Заҳҳок» низ достони афсонавӣ нест, шоирон бо таъбири морон душмани инсониятро ишора намуда, аз он ҳушдор додааст, ки душман, албатта, барои амалӣ кардани корҳои нопокаш мағзи сари одамонро низ истифода мебарад.  Ҳамин тавр дар асоси ҳамин таҷриба, моро зарур аст, ки ҳамраъйӣ ва ё иттиҳоди мардуми тоҷикро, ки дар атрофи як шахсият барои озодии Ватан дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ сарҷамъ гардидаанду барои озодии Ватан ҷониссориҳо кардаанд, ба насли ояндасозии хеш ошно намоем.

 

                                                   Иттифоқи касабаи кормандони маориф

                                                ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон