Санаи 23 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат бо иштироки Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Бобозода И.М., сармутахассиси шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раисони кумитаҳои ҳамузви Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, нозирони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии тантанавиро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ҳифз ва бехатарии меҳнатро омили муҳими муносибатҳои меҳнатӣ эътироф намуда, 28-апрелро «Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат» муқаррар намудааст ва ҳамасола Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат бо ташаббуси Федератсияии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кумитаҳои ҳамузви он дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад, ки ҳифз ва бехатарии меҳнат яке аз масъалаҳои муҳим ва самти асосӣ дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ маҳсуб меёбад.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки 24 октябри соли 2019 баргузор гардида буд, баён намуданд, ки: «Масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд ва ин корро нозирони иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд»
Таъкид гардид, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати технологӣ, ҳар сол Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мавзўи марказиеро интихоб мекунад, ки бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад ва он ҳамеша ба ҳифзи бехатарии одамон дар ҷои кор (ташкили ҷойҳои кории бехатар, кам кардани шумораи ҷароҳатҳо, баланд бардоштани бехатарӣ ҳангоми кор бо моддаҳои хатарнок, таъмини шароити муносиби меҳнат алоќаманд аст.
Мавзўи Рўзи умумиҷаҳонии бехатарӣ ва саломатӣ дар ҷои кор дар соли 2026, ки аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат қабул шудааст ба муҳити психологию иҷтимоӣ ҳамчун мушкилоти глобалӣ бахшида шуда, он ба шароити одилона, сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ ва истеҳсоли устувор, ҳифзи солимии равонӣ, мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ ва ҳамгироии технологияҳои муосир даъват менамояд.
Дар чорабинии мазкур, намояндаи Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, раисони кумитаҳои ҳамузви Федератсия, нозирони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар бораи таъмини иҷрои бандҳои созишномаи минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, ҳифзи ҳуқуқи кормандон ва корфармоён, муҳайё намудани шароити мусоиди маишӣ, таъмин намудан бо имтиёзи пешбинигардида, шароити бехатари меҳнат, ташкили чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва барқароркунии қобилияти кории кормандон ва дигар масъалаҳои марбут ба он, маъруза намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ нозирони ташкилотҳои соҳа ба муносибати Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат бо мукофотҳои соҳавии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

От admin