10 апрели соли 2026 таҳти раёсати Нозакзода З.З., раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақлили Тоҷикистон маҷлиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Сипас Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияхои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон ва Қурбонов М., мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ оид ба рафти иҷрои созишномаи минтақавӣ, шартномаҳои коллективӣ, риояи талаботи моддаҳои 17, 19, 21, 22 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттифоқҳои касаба» дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Темурмалик, Балҷувон, Мастчоҳ гузориш доданд.
Дар кори маҷлиси раёсат, ҳамчунин, раисони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон оид ба фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳисобот доданд. Ҳамчунин, аъзоёни раёсат лоиҳаҳои як қатор қарорҳо баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар фароварди кори маҷлиси раёсат раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои супоришҳо, таъмини иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, нақшаи чорабиниҳо, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзоёни раёсат, раисони ташкилотҳои соҳа дастуру тавсияҳо доданд.





























