Бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Зимни чорабинӣ раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки таърих ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бе нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ то имрӯз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан аст, ки дар кишвар заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуданд.
Зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди низомиён, балки ҷашни умумихалқӣ мебошад. Ин рӯз ҳар шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки арзиши сулҳ, истиқлолият ва амнияти давлатиро амиқтар дарк намояд.

















