Имрўз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки раисони ташкилотҳо, фаъолони иттифоқи касаба ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Зулҳия Нозакзода., раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ занону бонувони Иттифоқи касабаи маориф ва илмро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музафариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати инсонофариву ҳаётбахши модарони тоҷикро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад.
Зикр гардид, ки Рӯзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол муждаи оғози фасли баҳор ва фарорасии ҷашни Наврӯзи дилафрӯз буда, аз мутобиқати сиришти занону духтарони тоҷик ба зебоиву рангорангии табиати Тоҷикистон башорат медиҳад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар соҳаи илму маориф, махсус таъкид карда шуд. Бо мақсади арҷгузорӣ ва хизматҳои арзанда, фаъолияти пурсамар ва таҳкими эҳсоси қадрдонӣ як қатор фаъолони соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.

От admin