ВАРЗИШ-ГАРАВИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Новости

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 19-20 апрели соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мусобиқаи варзишӣ аз рўи намуди волейбол ва тениси рўи миз гузаронида шуда, дар мусобиқот 5 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ширкат намуданд. Дастаи варзишии Донишгоҳи давлалатии Хуҷанд ба номи академии Бобоҷон Ғафуров дар даври ниҳоии мусобиқа ғолиб гардида ба даври ҷумҳуриявии мусобиқот роҳхат гирифтанд.