22 июни соли равон дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои соҳа, падару модарони истироҳаткунандагон ифтитоҳи басти якуми истироҳати кўдакон ва наврасон дар мавсими тобистони соли 2026 ва чорабинии фарҳангию фароғатӣ ба истиқболи Рўзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки ғамхорӣ дар ҳаққи кўдакон дар таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи калидӣ дорад.
Муҳимтарин иқдомоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар самти истироҳат ва фароғати кўдакон дар мавсими тобистон, ташкили истироҳати кўдакон ва наврасон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таъкид гардид, ки дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июн бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид.
Бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад.»
Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.
Зикр гардид, ки истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар минтақаи сайёҳии Варзоб дар муҳити табиии сабзу хуррам ҷойгир шуда, на танҳо фазои орому осуда барои истироҳат, балки шароити мусоид барои машғулиятҳои фароғатию варзишӣ низ фароҳам гардидааст. Кўдакон ва наврасон дар ин ҷо метавонанд ба бозиҳои варзишӣ машғул шаванд, дар маҳфилҳои эҷодӣ иштирок кунанд ва саёҳатҳои омӯзиширо дар мавсими истироҳати тобистона таҷриба намоянд.
Дар чорабинӣ кўдакон ва наврасон барномаи фарҳангию фароғатиро сулҳ, истиқлол ва ваҳдати миллӣ пешкаши ҳамсолон, волидон ва иштирокчиёни чорабинӣ гардониданд.

От admin