Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. вохўрӣ раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бо раисон, фаъолони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф баргузор гардид. Дар вохўрӣ ҳамчунин, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Вохўриро Исмоилзода Баҳром Мансур-сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, оид ба вазъи шарикии иҷтимоӣ маърўза намуд.
Дилбар Одилзода- муовини Раиси шаҳри Душанбе зимни баромад дар вохўрӣ зикр намуд, ки дар шароити муосир раванди муосири танзими муносибатҳои меҳнативу иҷтимоӣ яке аз воситаҳои таъмин намудани суботи иҷтимоии кишвар мебошад, ки ҳамкории муштараку мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро ифода мекунад.
Таъкид намуд, ки вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони иттифоқҳои касаба, ки 24-уми октябри соли 2019 бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор гардид, нишонаи возеҳи таваҷҷуҳ ва қадршиносии Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба мебошад.
Зулҳия Нозакзода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохўрӣ иброз доштанд, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.
Дар вохўрӣ Қурбонов Муҳаммад – муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, иттифоқи касаба, мақоми омўзгор дар ҷомеа, таъмини иҷрои бандҳои созишномаи минтақавӣ, шартномаҳои коллективӣ, оқибатҳои ногувори таълимоти ғайриконунии динӣ, ифротишавӣ ва гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои тундрав, пешгирии экстремизм, терроризм ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ, риояи ҳатми талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои муносибати меҳнатӣ тавсияҳо пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июн бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид.
Бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад.»
Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.
Дар фарҷоми вохўрӣ ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардида, фаъолони иттифоқи касаба бо мукофотҳои соҳавии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.


























