Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Восеъ вохўрии гурўҳи таблиғотии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бо раисон, фаъолони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Восеъ, шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг, Балҷувон баргузор гардид.
Вохўриро Ширинзода М.И.-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ифтитоҳ намуда, сипас Фарзона Неъматзода-муовини раиси ноҳияи Восеъ оид ба вазъи шарикии иҷтимоӣ, вазъи соҳаи маориф дар ноҳия баромадад намуд.
Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахўст ба раиси ноҳияи Восеъ ва шуъбаи маорифи ноҳия барои ташкили шароити мусоид дар вохўрии имрўза барои раисон, фаъолони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Восеъ, шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг, Балҷувон изҳори сипос намуд.
Зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ кардан ба маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта- сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Воқеан, дастовардҳои соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ зиёду назаррасанд, ки дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиру бузург аст.
Имрӯз на танҳо соҳаи маориф, балки пояи эҳё ва таҳкими ҳамаи соҳаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба номи пуршарафу нуронӣ ва сиёсати бесобиқа, беназир ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст.
Дар шароити муосир раванди муосири танзими муносибатҳои меҳнативу иҷтимоӣ яке аз воситаҳои таъмин намудани суботи иҷтимоии кишвар мебошад, ки ҳамкории муштараку мувофиқашудаи давлат,

корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро ифода мекунад.
Таъкид гардид, ки вохӯрии Пешвои миллат бо намояндагони иттифоқҳои касаба, ки 24-уми октябри соли 2019 бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор гардид, нишонаи возеҳи таваҷҷуҳ ва қадршиносии Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба мебошад.
​ Иттифоқи касабаи маориф ва илм рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом медиҳанд.
Дар раванди вохўрӣ Қурбонов Муҳаммад Сафарович- муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба ба таври мушаххас оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, иттифоқи касаба, таъмини иҷрои бандҳои созишномаи минтақавӣ, шартномаҳои коллективӣ, оқибатҳои ногувори таълимоти ғайриконунии динӣ, ифротишавӣ ва гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои тундрав, пешгирии экстремизм, терроризм ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ, муқовимат ба савдои одамон, риояи ҳатми талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои муносибати меҳнатӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми вохўрӣ фаъолони иттифоқи касаба бо мукофотҳои соҳавии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.

От admin