Субҳи 26 июни соли равон дар арафаи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ ҷиҳати гиромидошти поси хотири Қаҳрамонони Тоҷикистон кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бар сари турбати фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Нисор Муҳаммад гулчанбар ва гулдастаҳо гузоштанд. Таъкид гардид, ки гиромидошти хотираи чунин шахсиятҳои таърихӣ дар таҳкими худогоҳии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии миллат аҳаммияти бузург дорад.
​ Зикр гардид, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат аз қабристони шаҳри Москва мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад ба Тоҷикистон оварда шуд, ки ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагор ва барҷастаи ин абармардон Пешвои миллат шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
​Таъкид гардид, ки ин иқдомҳои барҷаста барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Пешвои миллат ба хизматҳои арзишманди фарзандони фидокору сарсупурдаи миллат ба таври доимӣ арҷгузорӣ менамояд. Ин ҳама арҷгузорӣ ва қадршиносӣ аз фарзандони сарсупурдаи тоҷикони сарфароз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт менамояд.

От admin