28-уми апрел рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати меҳнат

Новости

БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз вазъияти иҷтимоӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Сиёсати иҷтимоӣ аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки инро сатҳи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз собит менамояд.

Муносибати усулӣ ба масъалаҳои вобаста ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ боис гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун давлати риоякунандаи меъёрҳои демократӣ оид ба меҳнат, шарикии иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар падидаҳои ба сиёсати иҷтимоӣ алоқаманд, эътироф намудааст.

Инро хулосаҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат, ки тайи чанд соли охир бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дорад, собит менамоянд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ махсусан, санаҳои байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Аз ҷумла, Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат, яке аз чунин санаҳо ба шумор рафта, ҳамасола 28-уми апрел дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад. Инчунин, Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи озод ин санаро аз соли 1966 инҷониб Рӯзи хотираи фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон қайд менамояд.

28-уми апрел бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Меҳнат аз соли 2003 инҷониб, расман Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифизи меҳнат эълон гардидааст.

Шароити меҳнат ва муҳити меҳнатӣ барои ҳар як корманд хеле зарур буда, аз се як ҳиссаи умри кормандон дар он мегузарад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифизи меҳнат кормандон тибқи Коститутсия, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ва  боз як қатор  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  амалӣ мегардад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ  як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба тасвиб расидаанд, аз ҷумла:

– аз 2-юми марти соли 2013, №86 “Дар бораи Таснифоти давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

–  аз 4-уми марти соли 2014, №169 “Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд ичозат дода намешаванд ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо”;

– аз 3-юми июли соли 2014, №429 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯйи шароити меҳнат”;

– аз 5-уми июли соли 2014, № 462 “Дар бораи Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ”;

– аз 6-уми сентябри соли 2014, №592 “Дар бораи Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо”;

– аз 21-уми октябри соли 2014, №661 “Дар бораи Тартиби аз ҷониби  корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон”;

– аз 31-уми октябри соли 2014, №690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”;

– аз 6-уми апрели соли 2018 “Дар бораи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”;

– аз 26-уми феврали соли 2015, №103 “Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамкории байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат дар бораи меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017».

Татбиқи принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талабот ба воситаҳои истеҳсолот, технология ва ташкили меҳнат, ки ба ҳамаи кормандон шароити бехатар ва солими меҳнатро кафолат медиҳанд, ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии риояи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи меъёр ва тартиби ҳифизи меҳнат аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Маркази давлатии ҷумҳуриявии беҳдоштию эпидемиологии назоратии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назорати давлатӣ дар соҳаи энергетика, амалӣ мегардад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, №391 вазифаҳои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии  аҳолӣ дар ташкилоту муассисаҳо дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба зиммаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати мехнат, муҳољират ва шуѓли аҳолии Љумҳури Тољикистон вогузор шудааст.

Сабабҳои асосии руй додани ин  ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот дар истеҳсолот, пеш аз ҳама, дар баъзе аз ташкилоту муассисаҳо мавҷуд набудани мутахассис оид ба техникаи бехатарӣ, нарасидани техникаи махсус ва либосҳои махсус, аз муоинаи тиббӣ нагузаштан, дар ҳолатҳои алоҳида бесалоҳиятии кабули қарор аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисон, бетартибӣ ва надонистани талаботи бехатарии гузаронидани корҳо аз ҷониби корманд ва,  риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармо, ба талабот ҷавобгӯй набудани фаъолияти  Хадамоти ҳифзи меҳнат дар аксарияти  ташкилоту муассисаҳо, ба таври дахлдор таъмин накардани бехатарии меҳнат ва ба ин мақсад маблағгузорӣ накардани он  маҳсуб меёбад.

Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳифизи меҳнат, иҷрои созишномаву шартномаҳои коллективӣ дар ташкилотҳои иттифоқи касаба соҳаи маориф ҳамчун  самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти иттифоқи касаба маҳсуб шуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ ва маънавии аъзои иттифоқи касаба, беҳтар гардидани шароити кору зисти аъзои иттифоқи касаба ва аъзои оилаи онҳо, пешгирӣ аз қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби корфармоёни алоҳида, боло бурдани сифати таълим равона шудааст.

Дар системаи маориф риояи талаботи ҳифзи меҳнат яке аз вазифаҳои муҳимми давлат оид ба таъмини ҳифзи саломатии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ мебошад.

Ҳифзи меҳнат ин системаи чорабиниҳои иқтисодӣ-маишӣ, санитарию гигиенӣ, табобати профилактикӣ ва лавозимотҳое, ки ба нигоҳ доштани қобилияти  кории корманд ва саломатии  онҳоро ҳифзкунанда равона шудааст.

Системаи ҳифзи меҳнатро асосан ба се қисми таркиби ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат, ки маҷмўи қонунҳо ва зерқонунҳо, ки дар онҳо меъёрҳои умумии аз ҷиҳати илмӣ ва амалӣ асоснокгардида дарҷ ёфтаанд.

2.Техникаи бехатарӣ  ин системаи чорабиниҳои ташкилию техникӣ ва лавозимотҳо, ки таъсири омилҳои хатарнокро ба ҳаёт ва фаъолияти кормандон пешгирӣ менамояд.

  1. Чорабиниҳои ташкилӣ, ки омўзиш ва дастурдиҳии иҷрои бехатарӣ корҳо аз тарафи кормандон, таъмини онҳо бо дастур ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва назорати иҷрои талаботҳои бехатарии меҳнат дохил мешаванд.

Қоидаҳо ва талаботҳои асоси оид ба ҳифизи меҳнат дар стандартҳои давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат дарҷ ёфтаанд. Яке аз ҳуҷҷатҳои асосии меъёрӣ оид ба таъмин ва беҳтар намудани таъмини бехатари раванди таълиму тарбия стандарти ГОСТ 12.0.006 – 91   « Идораи таъмини фаъолияти бехатар дар маориф» мебошад.

Фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 844 аз 24-уми ноябри соли 2004  “Оид ба ташкили ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар системаи Вазорати маорифи ҶТ” бо мақсади таъмини шароити солим ва бехатари меҳнати кормандон бо назардошти таъмини принсипҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи меҳнат, ки фаъолияти муассисаи таълимиро аз рӯйи талаботи ягонаи меъёрӣ муайян месозад  ба тавсиб расонида шуда , муассисаҳои соҳаи маориф аз рӯи он фаъолият мебаранд.

Дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади амалигашти чорабиниҳои зарурӣ оид ба пешгирии cap задани ҳодисаҳои нохуш, риояи қоидаҳо, дастурҳо ва меъёрҳои мавҷуда оид ба ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва бехатарии сӯхтор, инчунин назорати сезинагӣ, ки назорати маъмурӣ-ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат, ки назорати якҷояи маъмурият ва ташкилоти иттифоқи касаба дар самти муайян намудани ҳолати ҳифзи меҳнат дар муассиса мебошад, ба роҳ монда шудааст. Барои ҳар зина тибқи низомнома объектҳои санҷиш муқаррар карда шуда, дафтарҳои қайд ташкил гардидааст.

Ҳамаи чораҳои дар муассисаҳо гузаронидашаванда бояд ба риояи қоида, меъёр ва дастурҳо оид ба таъмини бехатарӣ хониш ва меҳнати кормандон равона карда шуда, ҳолатҳои расидани зарарро ба саломатии хонандагон ва кормандон  пешгирӣ намояд.

Барои пешбурди ҳифизи меҳнат дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани рӯз, ҳафта, даҳаи ҳифзи меҳнат, аз ҷумла, дар раванди онҳо ташкили озмуни гӯшаи беҳтарини ҳифзи меҳнат, омӯзиши таҷрибаи пешқадами бобати ҳифзи меҳнат, ташкили машғулиятҳои расонидани ёрии табобатӣ ҳангоми ҳодисаи нохуш, таҳияи ҷаридаҳои деворӣ ва варақаҳои тарғиботӣ, ташкили дастурдиҳиҳои бехатарию ҳифзи меҳнат ва қайд ба дафтарҳои дастурдиҳӣ, мизҳои мудаввару семинарҳои омӯзишӣ оид ба беҳтар кардани шароити меҳнати кормандон ва таҳсили хонандагон, гузаронидани суҳбату машғулиятҳои мавзӯӣ оид ба ҳифзи меҳнат,  санљиши байниҳамдигарии ҳолати ҳуҷҷатнигорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва монанди инҳо аз аҳамият холӣ нест.

Ин тадбирҳо, аз як тараф, таваҷҷуҳи корфармоёнро ба ҳифзи меҳнат ҷалб намояд, аз тарафи дигар, бобати танзими ҳуҷҷатнигорӣ ва фаъолият дар  ин самт дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои иттифоқи касаба мусоидат менамоянд.

Зеро ҳифизи меҳнат, ҳуқуқу озодиҳои корманд ва аҳли оилаи онҳо аз вазифаҳои асосии  иттифоқи касаба маҳсуб мешавад.

 

            Мақсудов Илҳомҷон – нозири меҳнати Кумитаи иттифоқи   касабаи кормандони маорифи шаҳри Исфара