1-уми октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи байналмилалии амалиёт барои меҳнати арзанда, барои раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Семинари омўзиширо Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Иттифоқҳои касаба, ки 24-уми октябри соли 2019 бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор гардид, нишонаи возеҳи таваҷҷуҳ ва қадршиносии Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба мебошад.
Зикр гардид, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.
Тибқи барномаи кори семинари омўзишӣ оид ба масъалаҳои механизми танзими баҳсҳои меҳнатӣ, фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳуқуқҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҷалб намудани диққати корфармоён ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба, назорати татбиқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ, низоми кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон, давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва дигар масъалаҳо оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ба раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дастурҳои тавсиявӣ дода шуд.

От admin