Имрӯз дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Файзизода Исмоил Нарзї, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳ, раисони ташкилотҳои соҳа ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухаронии худ оид ба рушди кишвар ва дастовардҳои он дар давраи Истиқлоли давлатӣ суханронї намуда, нақши асосӣ ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванди тақдирсози давлатдории тоҷикон қайд намуд.
Зикр намуданд, ки дар зарфи 34 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва илмию фарҳангӣ мушарраф шуд.
Файзизода Исмоил Нарзї, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иброз доштанд, ки марҳилаи рушди иттифоқҳои касаба дар дар даврони Истиқлоли давлатї оғоз ёфт. Ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияташро пурсамар намуд. Корашро ба талаботи замони истиқлол мувофиқ кард, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас андешид.
Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли миллӣ маърўза намуда, иброз доштанд, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ, таҳкими асосҳои давлати демкоративу ҳуқуқбунёд ва татбиқи стратегияҳо ва ҳадафҳои авлавиятноки худ қадамҳои устувор мениҳад.
Зикр гардид, ки бузургтарин рӯйдоди муҳими таърихӣ барои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ин мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 24 октябри соли 2019 мебошад.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки даврони истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.










