Имрӯз дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касбаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯсобек Самизода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, Дилрабо Сатторова – намояндаи Раёсати маорифи вилоят, раисони Иттифоқои касабаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок доштанд.
Мӯсобек Самизода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд нишастро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 34-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Таъкид гардид, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Баъдан Зулҳия Нозакзода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, муфассал дар бораи дастовардҳои замони Истиқлолият ва пешравии соҳаи маориф дар замони истиқлолият ёдовар шуданд. Зулҳия Нозакзода ҳамчунин дар бораи назорати ҷамъиятӣ бурдан аз рафти иҷрои захираи ангишту ҳезум дар ташкилотҳо, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар муассисаҳо, роҳ надодан ба поймолшавии ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба масъалагузорӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ омӯзгорону кормандони фаъоли соҳа бахшида 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.

От admin