26 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Шўрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли 2025 ҷамъбаст гардид.
Нахуст ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли 2025 шунида шуд.
Сипас дар кори маҷлис оид ба натиҷаи санҷиши молиявию хоҷагидорӣ дар дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Вилояти Муҳтори Кўҳистон, Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим гузориши Каримов М., раиси комиссияи назоратию тафтишотии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба натиҷаи санҷиши вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи дар ноҳияҳои Рўшон, Роштқалъа гузориши Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Баъди натиҷагирии фаъолият ва баррасии масъалаҳо, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру тавсияҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати содиқ будан ба ҳифзу манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми анъана, расму оин ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои ваҳдати миллӣ, ғояҳои конститутсионии давлат ва пешгирӣ кардани ҳар гуна таблиғот ва қабули фарҳанги номатлуби бегона таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ- мароми мост», таъмини иҷрои банди 25 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №13 дар маҷлисҳои корӣ оид ба мубориза ба зидди экстремизму терроризм ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, бахусус пўшидани сару либоси миллӣ намунаи ибрат будан, корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондан, таъмини иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, ташкил ва баргузории Рӯзи омўзгорон, Рўзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба раисони ташкилотҳои соҳа дастури мушаххаси корӣ доданд.
Таъкид гардид, ки мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон равона созем ва ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ, таъмини иҷрои қарорҳои анҷуман, раёсат, нақшаи чорабиниҳо, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузории озмунҳо, чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ масъулиятшинос бошем.







