Наш комитет

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Созишномаи соҳавии байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани шароити кор, ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, меҳнатӣ ва зисту зиндагии аьзоёни иттифоқи касаба ва баланд бардоштани сифати дониши хонандагону донишҷўён мусоидат менамояд, ба роҳ мондааст.

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрӣ ва мустақил буда, фаъолияти ташкилотҳои соториро ҳамоҳанг месозад ва ҳимоягари ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касабаи худ мебошад. Имрўз иттифоқи касабаи соҳаи маориф ва илм яке аз ташкилотҳои оммавитарин ва бонуфузи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва аз рўи шумораи аъзоён дар ҷумҳурӣ дар ҷои аввал меистад.

Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ташкилоти вилоятӣ, ҳаждаҳ ташкилоти шаҳр, панҷоҳу як ташкилоти ноҳиявӣ, нуздаҳ ташкилоти мутаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳаждаҳ ташкилоти мутаҳидаи кормандон ва донишҷӯён муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, се ташкилоти муттаҳидаи кормандон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ як ташкилоти муттаҳидаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва марказҳои илмиро муттаҳид менамояд, 17 ташкилоти иттифоқи касабаи зерсохтор ва зиёда аз 4461 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба шомил мебошанд. Сохтори Кумитаи ҷумҳуриявӣ аз:
– шӯъбаи ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва коргузорӣ;
– шӯъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ;
– шӯъбаи муҳосибот ва молия;
– нозири менат ва нозири ҳуқуқ иборат мебошад.

Ҷамъбасти ҳисоботҳои омории аз ташкилотҳои аъзо ба шӯъбаи ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва коргузории дастгоҳи марказии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба воридгардида нишон дод, ки ташкилоти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 238000 нафар аъзоёни иттифоқи касабаро муттаҳид менамояд. Аз ин шумора 42760 нафар аъзои иттифоқи касаба муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мебошанд. Фарогирии умумӣ ба аъзогии Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандон ва муҳассилин 84 %-ро ташкил медиҳанд.

Дар давоми солҳои 1991-2016 Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 Пленум ва 109 раёсат гузаронида, зиёда аз 1028 масъалаҳои гуногун вобаста ба манфиатҳои умумӣ милли ва аъзоёни иттифоқи касаба, ки аз вазифаҳои оинномавӣ бармеоянд баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намудааст. Бо ташабуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 86 семинарҳои ҷумҳуриявӣ, 932 семинарҳои шаҳриву ноҳиявӣ бахшида ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, ҳуҷҷатнигорӣ, риояи талаботи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи гузаронидашудааст. Дар ин давра аз ҷониби нозирони меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ ва муқаррароти қонунгузори санҷишҳои нақшавӣ гузаронида шуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи нозирони меҳнат 1736 амрномаҳо ба корфармоён дода шудааст, ки 23121 камбудиро дар бар гирифта сари вақт аз тарафи корфармо бартараф карда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки вазъи молиявии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол беҳтару хубтар шуда истода бошад ҳам вобаста ба воҳидҳои кории нозирони меҳнат дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо то ҳол ҷой надорад.

Ҳар сол дар доираи ҷалби ҷавонон ба иттифоқи касаба ва таҷлили рўзи ҷавонон 23 май спартакиада бо намояндагони ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Чайка» гузаронида мешавад. Спартакиада оид ба намудҳои гуногуни варзиш аз қабилӣ: волейбол, шоҳмот, тениси рўи миз, шашка, нард ва дигар намудҳо гузаронида шуда ғолибон бо мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Барои боз ҳам мустаҳкам намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар байни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ чорабиниҳои варзишӣ аз қабили футболи хурд гузаронида мешавад.

Тибқи Оинномаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал ҷорӣ намудани мақсадҳои аз қонун ва Оиннома ба миёномада, пешбурди муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзоён, метавонад бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориро ба роҳ монда, аъзо шавад.

Кумита аз соли 1992 тибқи талаботи қонунгузорӣ аъзои Ташкилоти Байналмилалии Иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва аз соли 2001 аъзои Конфедератсияи Байналмилалии Омӯзгорон ва аз соли 2008 аъзои Ташкилоти Байналмилалии Омӯзгорон мебошад.

Кумита ба Ташкилоти Байналмилаллии Маориф аз соли 2010 инҷониб аъзо буда, бо ин ташкилот ҳамкории хело ҳам хубро ба роҳ мондааст, аз ҷониби ин ташкилот ба Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии методӣ ва техникӣ расонида шудааст. Аз соли 2014 Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аъзогии Кумитаи иттифоқи касабаи Осиёи марказӣ ва Уқёнуси ороми маорифи байналмилалӣ ба аъзогии Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи байналмилалии Аврупо шомил шуд.

Бо дастгирии Ташкилоти Байналмилалии Маориф ҳар сол семинарҳои омўзишӣ бо ҷалби раисони ташкилотҳои иттифоқи касаба дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ин семинарҳои омўзишӣ дар мавзўъҳои «Мавқеи иттифоқи касабаи омўзгорон дар шароити иқтисоди бозоргонӣ», «Баробарии гендерӣ» ва «Шаклҳои Меҳнати вазнини кўдак ва мақсади рушди устувор» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷумла шаҳри Душанбе, Қурғонтеппа, Кўлоб, Турсунзода, Истарафшон ва ноҳияи Рашт гузарониа шуда аст.

Тибқи талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар солњои 1991-2016 нақша чорабиниҳо қабул карда аз рўи он дар тамоми ҷумҳурӣ истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон амалӣ карда мешавад. Инчунин дар кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 комиссияи доималкунанда фаъолият мекунад:
– Комиссияи доимоамалкунанда оид ба ҳифзи меҳнат;
– Комиссияи доимоамалкунанда оид ба кор дар байни ҷавонон ва наврасон;
– Комиссияи доимоамалкунанда оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ;
– Комиссияи доимоамалкунанда оид ба корҳои ташкилӣ, иттилоотӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ;
– Комиссияи доимоамалкунанда оид ба корҳои фарҳангию оммавӣ ва варзишиву солимгардонӣ;
– Комиссияи доимоамалкунанда оид ба масъалаҳои гендерӣ.