Бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ ба муносибати Рўзи байналмилалии кўдакон чорабинӣ баргузор гардид.
Фарзона Неъматзода- муовини раиси ноҳияи Восеъ дар чорабинӣ нахўст ба Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили чорабинии мазкур ва таваҷҷуҳи доимӣ ба вазъи таълиму тарбияи мактаб-интернатҳо изҳори сипос намуд.
Зикр намуданд, ки Тоҷикистон дорои аҳолии ҷавон ва ояндадор буда, мавқеи худро нисбат ба ҳуқуқи кӯдак муайян намудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷати ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида, тибқи онҳо барои барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Барои рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фаро гирифтан ба таҳсил, нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал татбиқ мегарданд.
Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳи чорабинӣ зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки «Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст. Хусусан, солимии кӯдакон ояндаи миллат буда, таъмини ҳуқуқҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад»
Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Зикр намуданд, ки 28 май дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»
мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қабули ин санад дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил карда мешавад, беҳтарин туҳфа барои хурдсолони мамлакат маҳсуб мешавад.
Ҳадаф аз қабули ин лоиҳа таҳкими сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин беҳтар намудани шароити нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдакон мебошад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистони азизи мо кишвари соҳибистиқлоли иҷтимоӣ буда, дар таъмини ҳимояи ҳуқуқҳо, таъмини зиндагии шоиста ва бехатарии кӯдакон дар ҷомеа масъул аст. Дар тарбия дуруст, солимии руҳию равонӣ ва ба ҳаёти мустақилона қадам мондани онҳо ҳамаи мо вазифадорем. Меарзад, ки кӯдакону наврасонро дар рӯҳи ватанпарварӣ, ваҳдатсолорӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамидаи тоҷикӣ ба воя расонем.
Ба муносибати Рўзи байналмилалии кўдакон барои тарбиятгирандагони Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ дастурхони идона ороста шуда, ба кўдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд ва як қатор омўзгорону мураббиёни Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ бо мукофотҳои соҳавии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.




