29 майи соли 2026 дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол байни кормандони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм аз рўи намудҳои футболи хўрд, шоҳмот ва шашка, Спартакиадаи варзишӣ баргузор карда шуд.
Дар ифтитоҳи Спартакиадаи варзишӣ, Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад»
Зикр намуд, ки машғул шудан бо варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла кормандони Иттифоқи касабаи маориф ва илм як ҷузъи таркибии ҳаёти рўзмара мебошад.
Бо мақсади татбиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026, инчунин ҷиҳати таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар, ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии кормандон ҳамасола ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол Сапартакиадаи варзиширо дар байни кормандони кормандон ва аъзоёни иттифоқи касаба баргузор карда мешавад.
Таъкид гардид, ки варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, ҷузъи таркибӣ ва пурарзиши рушди миллату давлат гардидааст. Мақсад аз баргузории чорабинии имрўза оммавият гардонии варзиш дар байни Шумо, иттиҳоду сарҷамъӣ ва саҳми муносиб гузоштан дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат дар самти варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, чорабиниҳои Иттифоқи касабаи маориф ва илм мебошад.
Аз рўи натиҷаи баргузории мусобиқа аз рўи намуди футболи хўрд мақоми аввалро дастаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, мақоми дуюмро дастаи дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми сеюмро дастаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд касб намуданд.
Дар мусобиқаи шоҳмотбозӣ мақоми аввалро Ҷангибеков И.- муҳосиби Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Шуғнон, мақоми дуввумро Вафоев З.- муҳосиби Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Сангвор ва мақоми сеюмро Ҳоҷиматова Ф.- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Ашт касб намуданд.
Дар мусобиқаи шашка-64 мақоми аввалро Шарифов Қ.- раиси Иттифоқи кормандони маорифи шаҳри Турсунзода, мақоми дуюмро Раҳимов Қ.- сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми сеюмро Касиров М.- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Рашт ҷойи сеюмро касб намуданд.
Ғолибони Спартакиадаи варзишӣ дар маросими тантанавӣ бо тўҳфаҳои молиявию хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм сарфароз шуданд.
Ҳамчунин, дар раванди баргузории чорабинӣ варақаҳои иттилоотии «Муқовимат ба савдои одамон», «Муқовимат бо савдои одамон – кори дастҷамъист!», «Муқовимат бо савдои одамон – омили муҳими таҳкими амният ва суботи ҷомеа» тарғибу ташвиқ карда шуд.





































