17-уми майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Итифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши минтақавии шарикон дар мавзуи “Системаи маориф ва иттифоқҳои касаба дар мамлакатҳои рӯ ба тараққии Осиёи Марказӣ: мушкилотҳои асосӣ ва ҳалли он” оғоз гардид. Дар кори он Зулҳия Нозакзода-раиси Итифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷӯразода-муовини якуми вазири маориф ва илм, Маликшо Неъматзода-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Айгул Мукашева-раиси ташкилоти ҷамъияти “Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Қазоқистон”, Гулнара Ескалиева-раиси ташкилоти ҷамъияти “Ташкилоти ибтидои вилояти Кизлорди кормандони маориф ва илми Қазоқистон”, Селви Латиф-котиби генералии Egitim-Bir-Sen, Караман Муаммер-муовини раиси Egitim-Bir-Sen, Колукиса Шуру-муовини раиси Egitim-Bir-Sen, Хасан Ялчин Яюла-муовини раиси Egitim-Bir-Sen, Гази Доган-мудири шуъбаи байналмилалии Egitim-Bir-Sen, Нуруллах Сесур-мутахассиси муносибатҳои байналмилалии Egitim-Bir-Sen, Татяна Якубович-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Беллорусия, Валентини Илина-муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Беллорусия, Наталя Каменко-сармутахассиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Беллорусия, раисон ва намояндагони иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ иштирок намуданд.

Нахуст, Зулҳия Нозакзода-раиси Итифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо марому ҳадафи ҳамоиш шинос намуд.

Сипас, Ҷамшед Ҷӯразода-муовини якуми вазири маориф ва илм сухан ронда, таъкид кард, ки дар кишвар дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома меёбад.

-Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шарикии иҷтимоӣ бо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани ҳуқуқ ва кафолати меҳнатии иловагӣ ба кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи соҳавии байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шарикии иҷтимоӣ бо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023-ро ба имзо расонидааст.-зикр кард Ҷ.Ҷӯразода.

Маликшо Неъматзода-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон зимни суханронии худ вобаста ба тамоми паҳлуҳои фаъолияти иттифоқҳои касаба зикр кард, ки тамоми фаъолияти иттифоқҳои касаба дар кишвар зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар идома, Селви Латиф-котиби генералии Egitim-Bir-Sen, Татяна Якубович-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Беллорусия ва Айгул Мукашева-раиси ташкилоти ҷамъияти “Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Қазоқистон” суханронӣ намуда, дар самти фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми кишварҳои худ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи баргузории ҳамоиши минтақавии шарикон дар мавзуи “Системаи маориф ва иттифоқҳои касаба дар мамлакатҳои рӯ ба тараққии Осиёи Марказӣ: мушкилотҳои асосӣ ва ҳалли он” миёни Итифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва итифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми кишварҳои дигар як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, меҳмонон дар муассисаҳои таълимӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар дидан менамоянд.

От admin