Конференсияи Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи байналмилалии Аврупо дар соли 2016

Новости

 Аз 04 то 08 декабри соли 2016 дар шањри Белгради давлати Сербия конфронси Ташкилоти байналмилалии иттифоқи касабаи маорифи Аврупо 2016 (ETUCE 2016) баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони кумитаи ҷумҳуриявӣ – Одиназода Р.С. раиси кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматов Ҳабибулло раиси кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Хатлон ва Нозакова Зулҳия мудири шўъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, иштирок намуданд.

 

Масъалаҳое, ки дар конференсия аз 04 то 08 декабри 2016 барраси карда шуданд, аз инҳо иборат буданд:
– мулоқоти шабакаҳои ташкилоти байналмилалии иттифои касабаи маорифи Аврупо (ETUCE) дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ (CEENET)
– семинар оид ба бахши таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти олӣ;
– семинар оид ба баробарии гендерӣ;
– семинари идомаи рушди касбии омўзгорон;
– семинар доир ба муколамаи иҷтимоии Аврупо;
– семинар доир ба муҳоҷират.

 

Инчунин дар конференсияи мазкур як қатор резалютсияҳо пешниҳод ва тасдиқ карда шуданд:
– резалютсия оид ба доираи васеи ҳуқуқҳои кормандони иттифоқи касабаи маориф – калиди таҳсилоти босифат;
– резалютсия оид ба тақвияти принсипи баробарӣ дар соҳаи маориф ва иттифоқҳои касабаи маориф дар шароити зудтағйирёбандаи;
– резалютсия оид ба иттифоқи касабаи кормандони маориф оид ба вазъи гурезагон дар Аврупо: Пешравии маориф ҳамчун калиди интергратсия ва ҳамгироии иҷтимоӣ;

 

– резалютси оид ба баланд бардоштани мақом ва эътирофи касбомўзгорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ;
– резалютсия оид ба муколамаи иҷтимоӣ ва шартномаи коллективӣ дар муассисаҳои таҳсилоти Аврупо;
– резалютсия зидди хусусигардонӣ ва комерсализатсияи муасисаҳои таълимӣ;
– резалютсия оид ба вазъи кўдакони гуреза ва муҳоҷир;
– резалютсияи маориф – дастгири демократия;
– резалютсия оид ба баробарии гендерӣ.

Масъалаҳои дигари мавриди баррасӣ қарор гирифтаи Конференсияи КИКМБА 2016 (ETUCE):
1. Ҳисоботи КИКМБА (ETUCE) оид ба фаъолияти чорсола (2013-2016 сол);
2. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи КИКМБА;
3. Интихоботи президенти КИКМБА, муовини президенти КИКМБА ва аъзоёни кумита аз ташкилотҳои ҳамузв.
4. Ҳисобот оид ба аъзогӣ ва пардохти аъзоњақӣ;
5. Ҳисоботи молиявии КИКМБА барои солҳои 2012-2015;
6. Гузориши аудиторони дохилӣ ва берунӣ оид ба фаъолияти КИКМБА дар соли 2012-2015.
7. Таъин намудани дохилии аудиторони дохилии КИКМБА;
8. Нақшаи кории КИКМБА барои солҳои 2017 – 2020.

Бояд қайд кар, ки яке аз мақсадҳои асоссии иштирок дар «Конфронси КИКМБА-2016» пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкории устувори байналмилалӣ бо КИКМБА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад, инчунин пурзур намудани ҳаракати байналмилалии иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.