Ҳамватанони азиз, ҳамкасбони гиромӣ, Шуморо ба ифтихори ҷашни 26 – умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он барои халқи тоҷик ҷашни азизу муқаддас ва дастоварди бузурги миллататамон мебошад, самимона шодбош мегўям.

 

      Тоҷикистони азиз маҳз ба туфайли Истиқлолият ба давлати озоду обод, ягонаю мустақил ва дунявию демократӣ табдил ёфта, дар тамоми соҳаҳо дастовардҳои азимро соҳиб гардид. Бигузор садсолаҳо ин Истиқлолияти давлатии мо пойдор бимонад ва кишварамон шукуфону мардумамон сарбаланд бошанд.

Бори дигар, Шуморо ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда, ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм бахту саодат, офияти комил ва дастовардҳои беназирро таманно мекунем.

 

Бо эҳтиром, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Р.С.

От admin