24 ноябри соли 2026 кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар қатори кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе дар роҳпаймоии осоишта бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдониву инсонии ҳар як шаҳрванд дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ аз ҷониби сокинони кишвар, нишонаи ифтихор аз давлату давлатдории навини тоҷикон мебошад ва Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар радифи парчамҳои давлатии дигар кишварҳои олам дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад, ки дар баробари эҳсоси ифтихор масъулияти ҳар як фарди ҷомеаро баланд мебардорад.





