12 ноябр дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи эҳтиром ва садоқати миллати тоҷик» ҳамоиш доир шуд.
Ҳамоишро Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. сипас филми «Пешво аз қалби мардум» манзури иштирокчиёни ҳамоиш гардид.
Дар ҳамоиш Маҳмадҷонова Муҳиба – доктори илмҳои фалсафа, професор, сарходими илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар мавзўи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи эҳтиром ва садоқати миллати тоҷик» маърўза намуда, иштирокчиёни ҳамоиш атрофи филми «Пешво аз қалби мардум» тассуроти хешро иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихию барҷаста ва номбардоре пазируфта мешаванд, ки дар вазъу марҳалаҳои барои Тоҷикистони тозаистиқлол басо мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакатамонро возеҳ муайян намуданд ва дар болоравии обрӯю мақоми давлати тоҷикон нақши абадӣ гузоштанд.
Зикр гардид, ки таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чун як рамзи давлатдорӣ ба хотири қадрдонию арҷгузорӣ ба «Ҳокимияти Президентӣ» алоқамандӣ дорад, вале ҳақиқати воқеӣ дар он ифода меёбад, ки мардуми сарбаланди миллати тоҷик дар баробари ба ёд овардани «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», пештар аз ҳама, симо ва шахсияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмату заҳматҳои бузурги ин абармарди таърихӣ ва сиёсатмадори барҷастаро дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши назар меоранд.

От admin