Дар ҶСК «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» семинари омӯзишӣ барои раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти семинар, Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки семинари мазкур дар партави қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №11/2 соли 2023 – «Соли ҳифзи меҳнат» эълон карда шудааст, роҳандозӣ гардидааст.
Зикр гардид, ки 24 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баён намуданд, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд ва ин корро нозирони иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд.
Раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ тайи ду рӯз оид ба масъалаҳои талаботи ҳифзи меҳнат, ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат, додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор, ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, уҳдадориҳои корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат, ҳуқуқи корфармо ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат уҳдадориҳои корфармо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат, тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳна, сарчашмаҳои маблаѓгузории ҳифзи меҳнат, ҳифзи меҳнат дар ташкилот, назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат, ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил доданд.

От admin