Санат 18 марти соли 2023 ҷаъоомади татанавӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз бо иштироки Маликшо Неъмат, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Нозакзода Зулҳия, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худёров Ф.Т, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Боронов Азизбек, собиқадори соҳа, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8, ноҳияи И. Сомонӣ, инчунин кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва намояндагони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо ин мақсад бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз як қатор омӯзгорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2023, № 277 бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинии имрӯза бо фармоиши раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.2023, №70 бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахш, ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии кормандони соҳа, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои иттифоқи касаба як қатор фаъолони иттифоқи касаба бо “Ифтихорнома”- и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд:
Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба расму оинҳои миллӣ ва эҳтиром ба қадру манзалати Модар Озмуни “Беҳтарин мақола бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии Наврӯз”-ро дар саҳифаи иҷтимоии “Фейсбук”-и Иттифоқи касабаи маорифи Душанбе, эълон намуда буд. Дар озмуни мазкур аъзоёни иттифоқи касаба фаъолона иштирок намуда, мақолаҳои беҳтаринро ба комиссияи тадорукоти озмун пешниҳод намуда, ғолибони озмун муайян карда шуданд.
Бо фармоиши раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе аз 16 марти соли 2023, № 29 ғолибони озмуни “Мақолаи беҳтарин” бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии Наврўз бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас, дар чорабинии мазкур дастаи ҳаваскорон таҳти роҳбарии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Исмоил Назриев хотири иштирокчиёнро бо шеъру тарона болида ва шоду масрур гардониданд.

От admin