Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин нозири Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм» ҷамъбаст гардид.
Дар ифтитоҳи озмун, Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №11/2 соли 2023 эълон гардидани «Соли ҳифзи меҳнат» озмуни «Беҳтарин нозири Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни нозирони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба роҳ монда шуд.
Зикр намуд, ки мақсад ва вазифаҳои Озмун, амалӣ намудани назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва иттифоқҳои касаба, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзо ва ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ оид ба рафти иҷрои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, кафолати фаъолияти иттифоқи касаба аз ҷониби нозири ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар даври ҷумҳуриявии озмун нозирони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоятҳои Суғд ва Хатлон, Иттифоқи касабаи кормандони маррифи шаҳри Ҳисор иштирок намуданд..
Дар озмун фаъолияти нозирон аз рӯи масъалаҳои пешниҳоди маълумотнома оид ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ, пешниҳоди амрномаи ба корфармо дода шуда, теъдод ва сифати санҷиши муассисаҳо, камбудиҳои ошкорнамуда ва ҳолати бартарафсозии он, дониши назариявӣ ва амалӣ оид ба қонунгузорӣ дар бораи меҳнат ва иттифоқҳои касаба, иштирок дар баҳсҳои меҳнатӣ, ҳимояи аъзоёни иттифоқи касаба дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти суд, нашри мақола ва мавод оид ба бехатарии ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзоёни иттифоқи касаба, нақш гузоштан дар тарғиби эълон гардидани «Соли ҳифзи меҳнат» дар байни корфармоён ва аъзоёни иттифоқи касаба ва ташкил ва баргузории семинар оид ба ҳифзи меҳнат баҳогузорӣ гардид.
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун дар баргузории чорабиниҳо бахшида Рӯзи Иттифоқҳои касаба ба нишон ва мукофотҳои молиявӣ сарфароз гардонида мешаванд.

От admin