Дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни Раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ташкилотҳо, фаъолон, собиқадорони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, намояндаи Шӯрои иттифоқҳои касаба ва Раёсати маорифи вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Иттифоқҳои касаба-24 октябр,чорабинии ҷашнии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст дар чорабинӣ Зулҳияи Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифулло Абдуллозода, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Набизода Мадина Раҳмат, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд иштирокчиёни чорабинӣ ва меҳмононро ба Рӯзи Иттифоқҳои касаба шодбош гуфтанд.
Зикр гардид, ки чор сол муқаддам санаи 24 октябри соли 2019 дар саҳифаҳои таърихи даврони истиқлоли Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон як рӯйдоди муҳим ба миён омад.
Дар ҳамин рӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мулоқот баргузор намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти мазкур иброз намуданд, ки: «Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ- Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.»
24-октябр барои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди муҳим, балки як рӯзи рамзӣ низ гардид. Аз ҳамин лиҳоз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вобаста ба ин рӯйдоди муҳим ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Рӯзи Иттифоқҳои касаба-24 октябр таҷлил карда шавад.
Вобаста ба ҳамин рӯйдоди таърихӣ, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23 декабри соли 2021, №1819, Рӯзи иттифоқҳои касаба-24 октябр таҷлил карда мешавад.
Дар маҷлиси тантанавӣ ба як қатор фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба муносибати Рӯзи иттифоќҳои касаба ба Ҷоизаи Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», мукофотҳои соҳавии Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибони озмунҳои «Беҳтарин нозири Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», беҳтарин мақола дар рӯзномаи «Ҳомии омӯзгор», раисони ташкилотҳо, фаъолон ва собиқадорони соҳа бо тӯҳфаҳои молиявӣ ва хотиравӣ қадрдонӣ гардида, дар анҷом барномаи ҳунарӣ пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба Самизода Мӯсобек Самӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Иттифоқҳои касаба бо «Ифтихорнома»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

От admin