8 декабр дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ машварати корӣ доир намуданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти Иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардиданд.
Ҳамчунин, дар машварат иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои маорифпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии аъзоёни иттифоқи касаба, фаъолияти самарабахши бюроҳои иттифоқи касаба, эҳтиром гузоштан ба истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, иҷрои саривақтии қарорҳои анҷуман, пленум ва раёсат, назорати ҷамъиятии риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ, пешниҳоди ҳисоботи даврӣ, дар байни аъзоёни иттифоқи касаба паҳн намудани рӯйхати сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун расонаи таблиғкунандаи ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъолияташон манъ карда шудааст, таъкид гардид.

От admin