Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистон дар доираи лоиҳаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Маориф барои раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Семинари омўзиширо Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, оид ба ҳамкории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бо Ташкилоти Байналмилалии Маориф, мақсади асосии лоиҳаи «GO PUBLIC» ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки дар Ташкилоти Байналмилалии Маориф 383 ташкилоти иттифоқи касаба шомил гардида, манфиатҳои 32 миллион нафар омўзгоронро аз 178 кишвари ҷаҳон намояндагӣ менамояд.
Сипас иштирокчиёни семинар ба таври назариявӣ ва амалӣ оид ба масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои омўзгорон ва кормандони соҳаи маориф, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии омўзгорон, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва муҳайё намудани шароити хуби меҳнат, ҳуқуқҳои иттифоқи касаба дар доираи шарикии иҷтимоӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои омўзгорон, манфиатҳои меҳнатии кормандон дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ ба рафти иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ, ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба оид ба дастрас намудани маълумот, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқҳои касаба, таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил доданд.

От admin