Кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМКБ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024» дар истироҳатгоҳи беруназшаҳри «Саодат» корҳои таъмиру сохтмон, муҷаҳазгардонӣ, гулшинонӣ ва ободониро ба роҳ монданд.
Зикр гардид, ки иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кўдакони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кўдакон ва наврасон қарори дахлдор ба тавсиб мерасад.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати ташкили самараноки солимгардонии кўдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ҳамасола то 1 июн корҳои ободонӣ, омодагӣ ба таври васеъ ба роҳ монда мешавад.

От admin