Баргузории семинари омўзишӣ барои раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ
Тибқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 22-23 январи соли равон дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» барои раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Семинари омўзиширо Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории семинари омўзишӣ ба роҳ мондани корҳои ташкилию методӣ, такмили малака, бозомузӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии раисони ташкилотҳои Иттифоқи касаба мебошад.
Дар семинар масъалаҳои тартиби қабул ва аз сафи иттифоқи касаба хориҷ намудани аъзои иттифоқи касаба, таҳия ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иттифоқи касаба, тартиби пешниҳоди омор ва дигар ҳисоботҳои даврӣ, субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ, асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳои муносибати меҳнатӣ, навъҳои таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, тартиби ҳисоби кўмакпулиҳо барои коношоямии муваққатӣ ва барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, ташкили ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм, созишномаи ҳифзи меҳнат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва иттифоқи касаба, оқибатҳои бе баррасӣ мондани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, назорати баррасии саривақтии муроҷиат, шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои коллективӣ дар соҳаи меҳнат (созишнома ва шартномаи коллективӣ), тартиби таҳия, баррасӣ ва натиҷагирии созишномаи ҳифзи меҳнат ва шартномаи коллективӣ, нақши иттифоқи касаба дар пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароиро ба таври назариявию амалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


















