Раёсати №1-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва Пленуми ғайринавбатии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

     24 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи Раёсати №1-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва Пленуми ғайринавбатии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Ф. Усмонзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.
Одиназода ва аъзоёни раёсат ва пленум баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Раёсат вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ дар кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Норак, Конибодом, Девачтиҷ, Истарафшан, вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ва рафти иҷрои Тартиб ва меъёри истифодаи ангишту ҳезум дар
муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ ҷадвали воҳидҳои кории кормандони дастгоҳи марказии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории комиссияҳои доимоамалкунанда барои соли
2018, Низомномаи стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷўёни фаъол ва болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, ҷашни 30 солагии
истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои масъалаҳо, вазифагузориҳо, дастуру супоришҳо аз ҷаласаи муштараки Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузви федератсия бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 08.11.2017 то 21.12.2017) тасдиқ
карда шуд.
Дар ҷаласаи Пленуми ғайринавбатии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷрои буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, буҷед барои соли 2018 тасдиқ гардид. Инчунин, дар асоси овоздиҳии аъзоёни пленум
муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

От admin