Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш  дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бахшида ба Рўзи ҷавонон  мусобиқаи ҷумҳуриявии варзиширо аз рўи намудҳои тениси рўи миз ва волейбол доир намуд. Мусобиқаро раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз дошт,  ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) қайд намудаанд, ки мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад

Мусобиқаи варзишӣ рўзхои 14-15 дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»-и шаҳри Душанбе давом намуда, аз тарафи мутахассисони Федератсияи волейболи Тоҷикистон ва Федератсияи тениси рўи миз доварӣ карда мешаванд.

От admin