Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири муаррифии бештари Тоҷикистон дар байни ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи кишварҳои Аврупою Осиё ва баланд бардоштани нуфуз ва ҳаракати байналмилалии иттифоқи касаба, рўзи 13 сентябри соли 2018 дар Китобхонаи миллӣ Анҷумани VI-и Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи «Маориф ва илм»-ро бо иштироки раисони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон, Белоруссия ва Қирғизистон доир намуд.

Баргузории Анҷумани VI-и Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи «Маориф ва илм» дар шаҳри Душанбе аз як тараф мақом ва нуфузи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баланд мегардонад аз тарафи дигар дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иштирокчиёни
Анҷумани VI-и Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи «Маориф ва илм» ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии кишвари азизамон шиносоӣ пайдо менамоянд.

Пеш аз баргузории Анҷумани VI-и Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи «Маориф ва илм» намояндагони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон, Белоруссия ва Қирғизистон ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ, ки фарҳанги миллиро муаррифӣ менамояд, ошноӣ пайдо намуданд.

Санаи 14 сентябри соли 2018 намояндагони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон, Белоруссия ва Қирғизистон дар партави соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз НОБ “Норак” дидан намуданд.

От admin